МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ҷумъабойи ҳассосу ғамхорро дидам, ки дар худ фурў рафта, ба муҷассамаи ғаму андуҳ табдил ёфтааст; шарикдарсамон Сафар (Сафар Абдулло – адабиётшиноси шинохта), Сафаре, ки ба сахтгапию сахтгўйӣ ва гўё бепарвоию сангдилӣ ном бароварда буд, гиряомезу аламовар мегуфт:
«Зиндагиро бинед, шоире, ки тифл аз модар мондаву рўйи он меҳрубонро ёд надошт, бузург шуду даргузашт ва миллатро ятим кард…».
Мегуфтанд, ки устод солҳои охири ҳаёт ин байтро бисёр мехондаанд:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад…
Шояд ғамашон ҳамин миллат буд, тифли нозпарварашон ҳамин Ватан буд?..
Баъди чанд соат ҷанозаро гузаронданд. Пеш-пеш, аксу нишонҳои устод дар даст одамони маъруф мерафтанд.
Чеҳраҳои коҳидаву пурандуҳи Лоиқ Шераливу Маҳмуд Воҳидро, ки дар сафи аввал қадам мезаданд, хуб дар ёд дорам. Раҳбараҳ садҳо, ҳазорон нафар ба издиҳоми аз паси тобут равон мепайвастанд ва сели одамӣ чун ашъори устод пуртуғёну пуртўфон сўйи Лучоб мерафт.
Дар марги ҳеҷ шахсияте чунин марсияи фаровон нахондаам. Шоирони маъруфу ҷавон, аз гўшаҳои гуногуни Тоҷикистону берун аз он менавиштанду менавиштанд.
Номаву барқияҳои ҳамдардии абармардони тамоми кишварҳои олам пайиҳам меомаду меомад. Минҷумла аз Ғамзатови бисёр машҳуру Айтматови беҳад овозадор. Лоиқу Бозори худамон сатрҳои ҷонсўзтарин гуфтанд.
Банда низ марсияе шоҳиди ҳоли худ гуфта будам, лекин ҷуръати ба ягон нашрия бурдан накардам ва, намедонам, дар он парешонӣ куҷо шуд, ки дигар наёфтамаш.
Баъдан (нимаи солҳои ҳаштодум) аз бисёр адибон дар бораи хислатҳои фарзонаи устод Турсунзода – дардошноиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё