МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
дастгирӣ, ҷавонмардиву хайрхоҳиашон қиссаҳои ҷолиб шунида, ба худ андешидам, ки чаро имрўз нест он хислатҳо? Магар ворисони дастдарози адабии устод мардиву ҳамдардиашонро бо кабобу арақ хўрдаанд, ки он сифатҳои ҳамида тухми анқову қиссаву афсона шудааст?!
Дар айёми парешонии кишвар, дар «Ароба» ном шеър зикр кардам, ки агар «он шоире, ки «Қиссаи сайёҳи Ҳинд»
гуфт», зинда мешуду хориву зории кўдакону наврасони диёрашро медид, тоқат накарда, дубора ҷон медод…
Ва боз ин қитъа, ки хулосаи назари банда аст аз шахсияту шеъри устод:
Дар ҷаҳон роҳе агар манзилбар асту сода аст,
Роҳи сатри содаи устод Турсунзода аст.
Хешро дар роҳи умр аз ранҷи роҳ огоҳ кард,
Роҳҳоро шеър карду шеърҳоро роҳ кард.
Роҳҳо бурданд ўро то ба дурии ҷаҳон,
Шеърҳо бурданд ўро дуртар – то ҷовидон.
Чунон ки зикр шуд, замони барҳаётии устод мо бисёр ҷавон, шогирдони донишгоҳ будем ва бо ҳавас мешунидем, ки нисбат ба ҳамқаламон, бахусус адибони ҷавон, бисёр меҳрубон будаанд. Шахсан ман, агарчи гоҳ-гоҳ навиштаҳоямро назди Лоиқ Шералӣ ва баъдан Бозор Собир (мушовирони назми Иттифоқи нависандагон) мебурдам, нахустин шеърҳоямро танҳо баъди хатми донишгоҳ чоп кардам.
Вале, аз меҳрубониву ғамхории шахсашон баҳравар нашуда бошем ҳам, аз лутфу марҳамати эҷодиёташон, аз файзу баракати шеърашон доим бархурдор будем. Насли моро ошиқи шеъри устод Турсунзода, мафтуни халқияти табиию самимияти модарзодии эҷодиёт ва шефтаю миннатдори шахсияти беназиру оламгири ў гуфтан мумкин аст.
Чунон ки зикр шуд, дар бораи устод Турсунзода шеърҳои бешумор эҷод шудаанд ва боз мешаванд. Аз он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё