МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ҷумла шеърҳои устод Бозор Собир андар бузургдошту ёдбудашон бисёр амиқу дақиқ ва дилрасанд:
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Ё худ:
Ман намегўям, ки ў аз дори дунё рафтааст,
Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Ҳамин шоири насли «пайрави Айниву Турсунзода»
нақл мекарданд, ки боре шоирони ҷавон дар бўстонсарои Иттифоқи нависандаҳо, дар Варзоб нишаста будаанд, ки устод Турсунзода омадаанд. Ба маҳфили ҷавоншоирон ҳамроҳ шуда, аз хотираҳояшон гуфтаанд, дар бораи ҳаёту адабиёт нақлҳои ҷолиб кардаанд. Ногоҳ пойи курсӣ лағжидаасту қариб меафтодаанд, ки шогирдон чаққонӣ карда, мувозинати курсиро нигоҳ доштаанд. Устод Турсунзода, чун ҳамеша бисёр зебо табассум карда, нимшўхиву нимҷиддӣ гуфтаанд: «Гумон кардед, ки Турсунзода осон Турсунзода шудааст? Не, ана ҳамин хел афтодаву бархоста Турсунзода шудааст…». Бо ин суханон натанҳо шогирдонро аз хиҷолату ногуворӣ раҳондаанд, балки як сабақи устуворӣ, собитӣ, мушкилнописандӣ, матонат ва сабру таҳаммул додаанд. Кӣ медонад, шояд бузургворона ба тақдири миллату давлати тоҷик ишора кардаанд, ки афтодаву бархоста, аз шарофати хидматҳои чунон бузургфарзандонаш собиту устувор мондааст? Ба ин маънӣ Турсунзода шоири советӣ не, шоири Тоҷикистони советӣ не, шоири Тоҷикистон аст. Шоирест, ки барои ҳамин миллат хидмат кардааст, забону фарҳанги ҳамин миллатро равнақу ривоҷ додааст, ғуруру ифтихори ҳамин миллатро бедор кардааст, ҳамин миллатро ба бедорию худогоҳӣ талқину тарғиб намудааст, дирўз хидмати ҳамин миллатро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё