МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
мекард, имрўз дар хидмати ҳамин миллат аст ва то ҷовидон хидматгузору ифтихори ҳамин миллат хоҳад буд.
Бузургии дигари устод он буд, ки дар замони имконнопазирии ҷаҳонгардиву ҷаҳонбинии мардум миллаташро ҷаҳонгарду ҷаҳонбин кард. Ва, аз ҷониби дигар, миллаташро сазовор ба ҷаҳон муаррифӣ намуд, ки хидмати камтар аз эҷодкориаш нест.
Хусусиятҳои ҷолибе дорад шеъри устод. Пеш аз ҳама, бо бисёр равон, мавзун, хуб қофиянок ва самимиву таъсирбахш буданаш ба дилҳову хотирҳо роҳ меёбад. Яке аз таърифҳои классикии шеър низ маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро дар бар мегирад. Сухан – табиӣ, забон – зинда, баён – зебову дилрас, ҳеҷ намегўйӣ, ки ин ё он пора бо заҳматҳо офарида шудааст, гумон мекунӣ, ки муаллиф табииву муассиру ҷолиб бо ту машғули суҳбат аст. Яъне, шеър мавқеи муайян ва ҳадафи мушаххас дорад, шахсияти шоир ҳамеша эҳсос мешавад.
«Ватан», «Савганд», «Шоиро!», «Тара Чандри», «Ситораи ман», «Замин», «Дили модар», «Илоҷам чист?», «Ҳалқаи заррин», «Ҳамин кофист», «Кулоҳи профессор Ахвледиани»… Беохир, чун асарҳои дилнишини хотирмон номбар карда метавонам шеъру манзумаву достонҳои устодро, ки бо самимияти аёну бадеияти бегумон дар ёдам мондаанд.
Шаб надидам туро, Ситораи ман,
Шуълавар дар ҳаво, Ситораи ман,
Дар ҳисоби ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, Ситораи ман.
Ин тасвиру ҳолати барҷастаро бинед: ошиқ шабзиндадор аст, интизор аст, беқарор аст, бо хаёли Ситораи хеш
ситора мешумурад (ишора ба ибораи машҳури халқии
«шаб то саҳар ситора шумурдан», ки ифодаи ҳадди интизориву беқарориву беҳудакорист) ва бе ў, албатта, ҳисобро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё