Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

хато мекунад. Ҳолату муҳити қаҳрамони лирикӣ бисёр дақиқ тасвир шудааст.
Боз як мисол, ки бисёр маълуму машҳур аст ва набудагист тоҷике, ки аз устод Турсунзода ҳадди ақал ҳамин байтро надонад:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун…

Мақсад муроҷиати халқии «ҷони ширин» аст ва ифодаи низ маъмули халқии «ҷангам накун», ки ба шарофати онҳо баробари хондан байт азбар ва ҳарфи дили худи хонанда мешавад.
Ё худ, бубинед, дар муроҷиат ба кўдаке, ки «дар хиёбони лаби баҳри кабуд» машғули пок кардани хоки пойи истилогарони аҷнабист, онҳоро чӣ гуна қатъиву ҳадафрас маҳкум мекунад:

Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок мебояд аз ў ин хок кард!

Ба гумонам, ин ду сатр ҳастии устод Турсунзода – шоиреро ифода мекунад, ки ягон зарра тоби ноҳақӣ, беадолатӣ, зулму бедод надорад ва маҳз ҳамин хислат пешрави адибони сулҳгаро ва маҳбуби милёнҳояш карда буд.
Мисоли дигар:

Гул миёни мову аммо бўйи гул ояд зи ту,
Рангу бўйи ин гули бишкуфта афзояд зи ту.

Чӣ манзараи зебои дидору хумор, ки ошиқ бўйи гули миёнашонро не, бўйи дилҷўйи дилбарро ҳис мекунад!
Ва боз як байт, ки ба фикрам, ҳанўз солҳои сиюм, дар авҷи урёнбаёниву умумигўйиву шиорпартоӣ, эҷод шудааст; таваҷҷуҳ кунед ба гуле, ки дар барги гул печидааст:

пешина
аз 323
навбатӣ