Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Танашро дода бо пероҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд!

Ё худ, ин сатри зебои тасвирӣ, ки ин қадар нозук, ин қадар тоҷикона аст ва як субҳи дилҷўйи воқеиву маҷозиро пеши назар ҷилвагар мекунад:

Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд…

Шеър ҳамин қадар мешавад! Ва чунин намунаҳо зиёд овардан мумкин аст.
Ғайр аз шоирӣ устод Турсунзода сужетсозу характерофари бузург буданд. «Ҳасани аробакаш»-ро аз рўйи амиқии образҳову вусъати эпикӣ метавон романи манзум номид, дар «Чароғи абадӣ» симои устод Айнӣ бисёр гарму ҷаззобу хотирмон тасвир шудааст, «Духтари муқаддас», «Сайёҳи ҳинд», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Тара Чандри» бо тасвирҳо, ҳолатҳо, симоҳо, характерҳо филмҳои тайёранд.
Агар ба ин ҷиҳатҳои дигари фаъолияти адабиашон – таҳияи осори классикону эҷодиёти шифоҳии халқ, асарҳо барои театру кино, суруду таронаҳо, таҳлилҳои амиқи навиштаҳои адибони муосир ва публитсистикаи муассирашонро зам кунем, симои адиби бисёрҳунаре пеши назар меояд, ки фидокорона хидмат карда, барҳақ пайкараву муҷассама, кўчаву хиёбон, ноҳияву шаҳр, шеъру достон шудааст. Яъне, дар ин мулку макон ёдашону эҷодашон ҷовидона зинда аст.
2011

пешина
аз 323
навбатӣ