МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
МЕҲРУ СЕҲРИ НАҚДИ ШЕЪР
Он ки айби ту гуфт, ёри ту аст
В-он ки пўшида дошт, мори ту аст!
Дар ин гузориш, ки бо қарори Раёсати Иттифоқи нависандагон омода шудааст, манзур ва мавриди таҳлил сидқан ва холисан навиштаҳои мушаххасанд, на ягон муаллифи шеър ё муаллифи нақд. Дар иқтибосҳо имлои муаллифон риоят шудааст.
Банда аз он касонест, ки нақди адабиро, чун ҳама риштаҳои суханварӣ, заҳмати сангин ва як қисмати бисёр даркору комилҳуқуқи адабиёти бадеӣ медонанд. Зикри нуктаи ноқидона ва ҳамзамон шоиронаи яке аз мунаққидони маъруфамон бамаврид аст, ки хонанда аз ҳар асари нақди адабӣ чун аз шеъри хубу насри хуб бояд лаззат бибарад.
Аксари ҳозирин шоҳиданд, ки замоне мо чунин нақд доштем. Дар қатори беҳтарин шоирони солҳои 70–80-и қарни бист ному навиштаҳои мунаққидони амиқандешу хушбаён Худоӣ Шариф, Абдуннабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Юсуф Акбарзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Раҳим Мусулмониён, Фотеҳ Абдулло, Аҳмад Абдулло дар ёдҳо ва саҳифаҳои таърихи навтарини нақди шеър мондаанд. Бе муболиға, алоқамандони он солҳо мунаққидони мазкурро баробари шоирони маҳбуби давр мешинохтанду ба суханашон эътиқоду эътимод доштанд. Онҳо, воқеан, аз «беруни шеър» дуртарро медиданд. Ба қавле бо «дарунмояи шеър», завқу дониш ва сатҳу салиқаи шоир кор доштанд, чун муҳаққиқони воқеӣ ҳам аз бозгўйи мазмуни навиштаи шоир парҳез мекарданду ҳам аз таърифу тавсифҳои бебунёду бедалел ва ҳам аз фалсафафурўшиҳои муҷарраду тумтароқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё