Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Хушбахтона, имрўз ҳам ҳаст чунин нақди шеър ва ҳатто бо як назари иҷмолӣ ба нашрияҳои адабии як-ду соли охир инро рўшан метавон дид. Шахсан аз мутолиаи мақолаҳои Худоӣ Шариф «Шеър дар «Садои Шарқ», Абдуннабӣ Сатторзода «Дар ҷустуҷўйи шеъри нағз» (оид ба Камол Насрулло), Абдулҳамид Самад «Сарояндаи шеъри зиндагӣ»
(дар бораи Ғаффор Мирзо), Аскар Ҳаким «Рақси болои бом» (дар бораи Раҳмат Назрӣ), Гулназар «Забони шеъри ҷавонон», Юсуф Акбарзода «Нигоҳе ба шеъри тоҷикии нимаи дуюми садаи бист», Камол Насрулло «Дар рўйи ҳама тобад як пораи нури ман» (дар бораи Лоиқ Шералӣ), Абдураҳмон Абдуманнон «Дар шинохти шеъри нағз» (дар бораи Камол Насрулло), Рустам Ваҳҳоб «Шоиронагии сухани устод Турсунзода», Абдувалӣ Даврон «Меъроҷи тасвир»
(дар бораи Бозор Собир), Ҷамолиддин Саидзода «Сувари хаёл ва бархе аз ороишоти адабӣ дар шеъри асри ХХ», Муҳаммадалии Аҷамӣ «Нақди адабӣ дар шинохти шеър ва шоир», Мубашшир Акбарзод «Шаҳрёри шаҳри хуршед»
(дар бораи Рустам Ваҳҳоб) чун аз мутолиаи як шеъри нағз, як ҳикояи хуб ё як суҳбати завқовари фарҳангӣ лаззат бурдам. Дар ин навиштаҳо фалсафафурўшӣ, тумтароқбаёнӣ, васфу ситоиши бебунёди бемасъулиятона, лутфҳои пучу арзон, оҷизӣ, бесалоҳиятӣ нест, дар онҳо таҳлил ҳаст, дарки дарду ҳадафи шеър ҳаст, зикри комёбиҳои шоир ва роҳу василаҳои расидан ба он комёбӣ ҳаст, он чиз аён аст, ки муаллифон донишмандона, огоҳона, беғараз ва бо меҳри самимӣ ба шеъру шоир навиштаанд.
Нуктаи дигари ҷолиб дар ин маврид шоирон будани ними ин номгўст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо худ низ ба вазъу ҳолат ва мушкилаҳои назми муосир бепарво нестанд ва дар раванди нақди шеър фаъолона ширкат меварзанд. Мисоли тозатарини ин гуфтаҳо мақолаи Парда Ҳабиб «Баргу бори шеър» аст, ки ҳама чизи барои як баррасии хуб, нуктаҳои ҷолиб ва исботи завқу қобилияти муаллифро дар нақди шеър дорад, вале коҳиши ҷуръати гуфтор ва

пешина
аз 323
навбатӣ