Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

кўшиши аёни «ҳамаро ном гирифтану касеро наранҷондан»
рангу бори онро андаке костааст. Дил мехоҳад, ки дар ин маврид Парда каме бепардатар ҳарф бизанад.
Дар ин миён мақола ё шояд рисолаи Юсуф Акбарзода «Нигоҳе ба шеъри тоҷикии нимаи дуюми садаи бист»-ро бахусус бояд зикр кард. Муаллиф вазъу ҳолати шеър ва фаъолияти гуногунсатҳи шоирони зиёдеро дар як давраи нисбатан тўлонӣ муфассал баррасӣ ва фикрҳои ҷолиб баён кардааст ва ба назар гирифтани натиҷаву хулосаҳои мақола бе шубҳа ба беҳбуди шеъри имрўз мусоидат мекунад. Мутаассифона, андаке шитоб дар иншои ин асари дар маҷмўъ хонданиву муфид эҳсос мешавад, аз ҷумла ғалатҳои имлоӣ, ки ҳатто қофияро халалдор карда, боиси таънаву маломати муаллиф шуданд, баъзе ҷумлаҳои норавон ва ба замоне мансуб донистани шоирони хеле дертар аз давраи манзури муаллиф ба майдони адабиёт омада. Бояд гуфт, ки дар рухдоди ин норасоиҳои ҷузъӣ ҳатман айби масъулони нашрия ҳам ҳаст, зеро бо андак диққати эшон гурез аз онҳо имкон дошт. Бо вуҷуди ин, дар чанд соли охир асаре, ки як давраи комилу муҳимми пур аз ҷустуҷўю бозёфтҳои шеъри моро инъикос мекунад, ҳамин аст ва бахусус барои шоирони ҷавону мунаққидони ҷавон маърифатбахшу омўзанда хоҳад буд.
Барои чи дар оғози суҳбат нишонаҳои нохушоянде чун фалсафафурўшӣ, тумтароқбаёнӣ, васфу ситоиши бебунёди бемасъулиятона, лутфҳои пучу арзон, бесалоҳиятӣ, оҷизӣ ва содалавҳии аёнро зикр кардем? Мутаассифона, барои он ки аз аксар бештари он чизҳое, ки танҳо шартан ба моли нақд мансуб донистанашон мумкин аст, побанди ин қабоҳатанд.
Камол Насрулло боре зикр карда буд, ки «беш аз ҳаштод фоизи адабиёти моро шеърҳои беҳадаф ташкил медиҳанд». Айни ҳамин суханро метавон дар бораи нақди имрўзи шеър гуфт. Нашрияҳои бешумор пур аз таърифномаҳои зўракии беҳунаронаву беҳадаф дар бораи «шои-

пешина
аз 323
навбатӣ