Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

роне»-ст, ки ҳанўз як шеъри каму беш ба аҳли назар аён манзур накардаанд ва метавон сухани барҷои Абдуннабӣ Сатторзодаро дар бораи шоирон ба таври дигар гуфт, ки имрўз ҳар раҳгузари тасодуфӣ дар адабиёт худро мунаққид мебинад. Ин ба ном нақду баррасиҳо беҳад ҳаваскорона буда, аён аст, ки муаллифонашон на шеърро медонанду на нақдро. Чунин гумони ба яқин моиле пайдо мешавад, ки дар нашрияҳо низ чунин навиштаҳо қабл аз чоп аслан мавриди мутолиаву таҳлил қарор намегиранд.
Агар нақдро оинаи адабиёт бишносем, он барҳақ норасоиҳоеро инъикос, балки такрор мекунад, ки дар шеъри имрўз ҳастанд. Ва агар яке аз дардҳои аёни шеъри муосири тоҷик умумигўйист, нақд ҳам аз ин дард эмин намондааст.
Яъне, имрўз баробари мафҳуми «шеъри умумӣ» бояд истилоҳи «нақди умумӣ» ҳам корбаст бишавад. Сабаби асосии ин рухдод, ба гумони банда, аз як тараф ноогоҳӣ, бесалоҳиятӣ, айнану аёнан ба кори худ машғул набудани муаллифони чунин мақолаҳо бошад, аз ҷониби дигар ё бесалоҳиятӣ ва ё бетарафию бепарвоии масъулони бахшҳои нақди нашрияҳост. Аслан, «шеъре», ки чунин муаллифон мавриди «пажўҳиш» қарор медиҳанд, кирои гап нест. Сониян, худ гапи гуфтанӣ надоранд. Ва шурўъ мешавад тохтани аспи чашмбаставу белаҷоми хома дар саҳрои саҳифаҳо, ки дар анҷом ҷуз майдони олудаву ифлосе пеши чашми хонанда боқӣ намегузорад. Чунин мақолаҳои зўракиву бебунёду беҳадафро боз ҳам метавон гурўҳбандӣ кард: мақолаҳои ғаразнок ё судҷўёна; мақолаҳое, ки ҷуз хушгўйии пуч нестанд ва ба хотири посдории ҳамнишиниву ҳамдамиҳо навишта шудаанд; мақолаҳое, ки зери фишори тоқатшикани хоҳишу хирагию берўйӣ ва ҳатто шантажҳои ба ном шоирон рўйи коғаз омадаанд. Ҳамаамон чунин мақолаҳоро зиёд хондаем, сатҳу савияи муаллифонашонро нағз медонем ва ба ном шоиронеро ҳам хуб мешиносем, ки дар онҳо мадҳу ситоиш шудаанд. Албатта, имрўз пеши сели шеъри умумиро ҳам гирифтан номумкин асту садди нақди умумӣ

пешина
аз 323
навбатӣ