МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ҳам шудан. Лекин чунин навиштаҳоро ақаллан ба минбарҳои расмии Иттифоқи нависандагон роҳ надодан имкон дорад ва барои ин фақат заҳмату масъулияти бештари вобастаҳои ин кор лозим аст.
Барҳақ яке аз вазифаҳои нақдро ба хонанда ошно кардани шоиру шеъри хуб донистаанд. Мутаассифона, даҳсолаҳо буд, ки аксари мунаққидони мо фақат дар бораи шинохтаҳо менавиштанд ва ҷиҳати кашфи номҳои нави сазовор кўшиши камтар ба харҷ медоданд. Ва, боз ҳам мавриди таассуф аст, ки ин кор бешу кам то имрўз идома дорад. Агар тавассути он назару сухани тозае дар бораи шоири шинохта ба миён биёяд, чунон ки Рустам Ваҳҳоб дар чанд мақолаи дар бораи устод Турсунзода навиштааш кард, бисёр хуб аст. Вале ин на ҳамеша даст медиҳад ва ҳатто яке аз устодони нақдамон дар атрофи масъалаҳои дар шеърҳо зикршуда муҳокима ронда, марҳалаи тозаро дар ашъори мавриди назараш аён накардааст.
Бадии кор он аст, ки натанҳо устодони нақд, балки мутамунаққидҳо низ ба «нақду баррасии» эҷоди шинохтаҳо даст мезананд ва инро ҷуз муаррифиву тарғиби шахси худашон тавассути он номҳои маъруф чӣ тавр метавон маънидод кард?
Соли гузашта ба муносибати 70-солагии Лоиқ Шералӣ чун одат дар бораи шоир мақолаҳои зиёде манзури хонанда гардиданд. Аз маводи дастрас ба хулосае расидан мумкин аст, ки аксари муаллифон ба минбари баланди толори пуршунавандае баромадаанд, вале гапи гуфтаниву шуниданӣ надоранд. Дар ин ҳолат он номи муътабар ҳам ба эшон мадад намекунад, балки худ хиҷолатзадаву ногувор пеши чашм меояд.
Масалан, мақолае, ки саропо аз нақли мазмуни ашъори ба хурду калон ошнои шоир иборат аст, чунин хулоса мешавад: «Барои пиру барнои мо дар роҳи пайдо кардани ҳисси ватандўстӣ, худшиносӣ, миллатпарастии бошуурона (?) хондани осори Лоиқ аз аҳамият холӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё