МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
нест». Ана, ҳамин хел, ҳатто «зарур аст» ҳам не, «аз аҳамият холӣ нест», ки дар нисбати чунон шахсият камаш нописандии нолоиқ аст.
Дар мақолаи дигар омадааст: «Дар солҳои 80-уми садаи бист Лоиқи ширинсухан ба васфи ишқу муҳаббат пардохт».
Агар муаллиф ба саволе посух медод, ки он шоири ошиқ ва ошиқи шоир, ки аз нахустин шеърҳояш вассофи ишқу муҳаббат буд, то «солҳои 80-уми садаи бист» васфи чӣ кардааст, шояд дар лоиқшиносӣ сухани тозае мешуд! Аз қавли муаллифи мақола, дар олами шоир «ноумедӣ, нокомӣ ва нестӣ (?) вуҷуд надорад». Вале оё баракс нест? Оё пуртазодтар аз олами шоирони бузурге, ки одаму оламро амиқ дарку эҳсос кардаанд, ҳаст? Оё на онҳоянд, ки нокомии ҳамаро нокомии худу ноумедии ҷумларо ноумедии хеш медонанд ва осорашон пур аз ноумедию нокомиҳои бартар аз сад умедворию комгорист? Аз қавли шоире:
Сармояи шоир ҳама ранҷ аст, валекин
Ранҷе, ки зи афсурдадилон вом гирифтаст.
Он шеър суруди дилу ҷон аст, ки шоир
Аз мардуми дилсўхта илҳом гирифтаст.
Ба навиштаи дигар таваҷҷуҳ кунед: «Ҷузъиёти ҷойнамози пурнақшу нигору намозгузории модар, илтиҷо аз Худованд дар хусуси дар паноҳи худ нигоҳ доштани фарзанди ў, ба вай додани бахту саодат ва сиҳатии комил ва амсоли ин сухан рафтааст (?). Модар бо ҳазор умеду орзу дасти дуо мебардорад ва фарзанд дар «Қасидаи модар» мерасад (?)». Ҳатто бовари кас намеояд, ки ҳамин пораи содалавҳонаи бесарунўгро нашрияи муътабари Иттифоқи нависандагон ба табъ расонда ва қабл аз чопаш нафаре аз кормандони он хонда бошад.
Боиси таассуф аст, ки дар аксар мақолаҳои ҷашнӣ ашъори бисёр машҳури шоир бо ғалатҳои зиёди вазну қофияву мантиқ чоп шудаанд ва гумон аст, ки рўҳи бо бе-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё