МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
завқӣ, бесаводӣ, бесалоҳиятӣ, бетаваҷҷуҳӣ носозгор ва равони поки ў аз чунин ёдкуниҳо шод шуда бошад. Ҳамчунин, аз мардумитарин дубайтиҳои шодравон, ки заминитарину замонитарин сарояндаи шеър буд, бе ягон далелу замина боисрор фақат ирфону тасаввуф ҷустани як шоиру ноқидамон низ барҷову раво наменамояд.
Воқеан, мунаққидоне торафт меафзоянд, ки бо як ҳарфу ҳиҷо ва андак ташбеҳу талмеҳ, яъне зоҳирнигарии аён шоиронеро ба Қуръону ирфон мепайванданд ва идомабахши роҳи Аттору Мавлавӣ ҳукм мекунанд. Назари рўшан ин аст, ки чунин падидае дар шеъри имрўз вуҷуд надорад ва бе заминаю зарурати иҷтимоӣ дар асри ХХ1 дар байни шоиру шоиргунаҳо исроркорона ҷустани шайху сўфиҳои навбанав хандахариш коресту бас.
Мақолае таъкид мекунад, ки шоир «…табиати хонандаи шеърро медонад… аз ин лиҳоз мехоҳад, дар шеъраш маъниҳои ҷолиби ирфониро ба кор барад:
Ғами дунё ҳарифи субҳу шом аст,
Ғами дунё зи пушти мо мудом аст.
Агар ҳастӣ мусулмон, эй бародар,
Ғами дунё махўр, ки ғам ҳаром аст».
Ку ҳамон «маъниҳои ҷолиби ирфонӣ»? Оё дар калимаи «мусулмон»? Аҷобати маънӣ куҷост? Боварам намеояд, ки такрори ҳамин суханони маълуму обшуста шоирамуаллифи мақоларо мутаассир карда бошад. Бигзарем аз гуфтаҳои ҳаётдўстонаи шоирони пешину имрўз, дар китобҳои динӣ ҳам маънии мазкур кам наомадааст:
Ғами дунё махўр, ки беҳуда-ст,
Ҳеҷ кас дар ҷаҳон наосудаст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё