Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ё:

Рўзии банда мерасад аз Ҳақ,
Ғами беҳуда мехўрад аҳмақ!

Асрҳо пеш гуфтаанд, ки «Ғами дунё махўр, ки беҳудаст», имрўз мегўянд, ки «Ғами дунё махўр, ки ғам ҳаром аст» ва мо чак-чак мезанему мафтун мешавем. Аз ин бояд хурсанд шуд, ки кутуби динӣ бо имтиёз бар шоири асри XXI ғамхоронро номусулмон ҳукм накардаанд!
Тавре ки зикр шуд, солҳои охир шоирони зиёд ба танқиди адабӣ рў оварданд ва ба мушоҳида расид, ки гап воқеан ҳам дар завқу салиқаи шахс аст. Дар натиҷа як силсила мақолаву чеҳраномаҳо ба вуҷуд омаданд, ки шеъру шоир, мақому манзалати сухан, рисолати суханварро аз диди тоза, ғайриқолабӣ, шоиронаву самимона маънидод мекунанд. Дар ин миён, хушбахтона, шоироне низ ҳастанд, ки кўшиши шиносондани ҳанўз ношинохтаҳо ё камтар шинохтаҳо доранд. Мутаассифона, дар мақолаҳояшон низ, ки эҳсоси камтар мехоҳанд, гоҳе барзиёд ба эҳсос дода шуда, ҳусни навиштаҳои худро мекоҳанд.
«Ҳунари шеър гуфтанро, – мефармояд муаллифи мақолае, - Худованд ба инсонҳои дўстдоштааш эҳдо мекунад» ва бо ин натанҳо онҳоеро, ки шеър наменависанд (ва шояд хуб ҳам мекунанд!), меранҷонад, балки тўдаеро, ки бетардид худро шоир мепиндоранд, азизи Ҷаҳонофарин эълон медорад. Агар мефармуд, ки Худо онҳоеро дўст медорад, ки бо заҳмат сухани рангини дархурди дарде мегўянд, шояд ақаллан чанд муташоир сари навиштаҳои берангубўйи худ ба андеша мерафт.
Дар ҳамон мақола мисолҳое оварда шудаанд, ки сазовори муҳокимарониҳову баҳоҳои муаллиф нестанд, сухане тоза ва ҳатто вазну қофияву баёни солим надоранд:

Аз ҳамон дам ман пайи ҳифзи сухан
Расми сарбозӣ ба худ омўхтаам.

пешина
аз 323
навбатӣ