Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Баҳри меҳмонони «Дастархон»-и хеш
Шеърро дар оташи дил пухтаам.

Мисол аз мақолаи дигар:

Лолаҳо, эй лолаҳои гўшаи боми падар,
Боз бар ёд оваредам баччагиҳои маро.

Дар мақолае зикр мешавад, ки шоири мавриди назар «вожаҳои зебои гуфтугўйии мардумиро истифода менамояд, ки писанди хонанда мегарданд… Дар ин дубайтиаш низ… бо каломи қобили таваҷҷуҳ гуфта:

Бигардам боғбонат, дар кафам бел,
Шавам чўпонатоям ба сари ҳел.
Агар ёрам шавӣ, эй хоҷадухтар,
Ба хоки кўят аз шодӣ занам ғел».

Норасоии аёни нақди имрўзи шеър ҳукмҳои беасосу бедалеланд. Ва он ҳукм, ҳарчанд гоҳо сазовору барҷост, ҷоиз нест, чунки ҳадафи аслии нақду вазифаи ноқид на чунину чунон ҳукм кардани шеър, балки муътамад нишон додани «барои чӣ чунину чунон» аст, то хонанда ба асли шеър, ҳадафи шоир, зебоӣ ё зиштиҳои сухани ў бирасад ва ба шеър баҳо додану дарки сухан биомўзад.
«…як чизро барои хеш кашф кардам, ки ў забони шеърро ёфтаву дар маҷмўъ забони адабиро медонад, яъне тоҷикона менависад» – мефармояд мунаққид ва, намедонам, ки хонанда баъди мутолиаи мисоли овардааш ба ин бовар мекунад ё не:

«Майл надорӣ, ки бо мо гап занӣ,
Бо гапи кӣ, пеши киҳо меравӣ?
Дасти ту болои дилам доштам,
Даст зи дил карда раҳо меравӣ».

пешина
аз 323
навбатӣ