МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
«…ҳангоми мутолиа шеърҳояш дар зеҳни хонанда нақш мебанданд ва ба завқи мардум мутобиқанд, - мефармояд мунаққид. – Худи шоир гуфтааст:
Бародарҳои ҷон, бо ҳам бисозед,
Зи рўи ҳамдигар боледу нозед.
Ба меҳру шафқату ҳамдастии хеш
Миёни халқи олам сар фарозед».
Саволи беҷавобе ба миён меояд, ки ба завқи кадом мардум мутобиқанд ин сатрҳо? Ба завқи мардуме, ки дар бораи бо ҳам сохтану шафқату ҳамдастӣ ҳазорон байти ҷовидона дорад ва андак-мандак ҳарфи манзумро ба гўшаи хотирааш раҳ намедиҳад?
Андешаи зерини мақолае низ тасҳеҳ мехоҳад: «Баъзан гурўҳе иддао доранд, ки ин ё он шоир маънии шеърашро аз шоири дигар гирифта, вале ман ба ин андеша розӣ нестам.
Зеро ҳатто қофиласолори ғазали форсӣ Ҳофизи бузург чунин гуфта: Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷў». Камина бар он аст, ки яке аз ҳадафҳои шеър ва вазифаҳои шоир маъниофаринист, маънои тоза ё тобишҳои нави афкори пешинро манзур кардан аст ва касе, ки «маънии шеърашро аз шоири дигар гирифта» бошад, чӣ шоир аст?
Аввалан, бояд гуфт, ки фармудаи Хоҷа Ҳофиз («Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо дорад сухани Ҳофиз тарзи ғазали Хоҷў») на ба он маъниест, ки ташреҳ шуда, балки сухан аз тарзу сабку мактабу услубу рўҳияи адабӣ меравад. Сониян, агар маъниеро гирифтан ҳам зарур бошад, онро тавре бояд кор кард, ки бештар аз пештар бидурахшад ва таассуроти бештаре, амиқтаре, рўшантаре, рўҳафзотаре бубахшад. Масалан, қаблан аз Хоҷа Ҳофиз ҳам дар шеър маъние будааст, ки «санг лаъл шавад, вале ба умри дигар!». Хоҷа онро чунин корбаст карда: «Гўянд:
санг шавад дар мақоми сабр, оре, шавад, валек ба хуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё