МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ҷигар шавад!». Таваҷҷўҳ кардед – гуфта буданд «ба умри дигар», яъне, номумкин, авҷи яъсу рўҳафтодагию дилшикастагӣ, вале Хоҷа гуфт: «ба хуни ҷигар!», яъне, имконпазир аст, вале заҳмат мехоҳад, ҳунар мехоҳад, таҳаммул мехоҳад – чӣ қадр дилбардор, рўҳбахш, ҳаётдўстона! Агар муаллифи мақола чунин маънӣ гирифтанро дар назар дошта бошад, банда низ ҳамназари ўст.
Дар мақолае изҳор шудааст, ки «ҷавонон бояд заргарӣ бо калимотро аз Раҳмат Назрӣ биомўзанд», ки тавсияи дуруст ва қобили қабул аст, лекин агар ҳамин фикр ба таври ҳукм неву бо таҳлилу мисолҳо манзур мешуд, ба гумони банда, таъсир ва манфиаташ, бахусус ба шоирони ҷавону мунаққидони ҷавон, бамаротиб меафзуд.
Имрўз танқиди адабии хоссае доман мегустурад, ки шартан «таърифи адабӣ» ё «танқиди дўстона» номиданаш ғалат набудагист. Дар ин гуна навиштаҳо ҷойи таҳқиқу таҳлилҳои содаву фаҳмои заминиву дастрасро, ки ҷони нақданд, таърифу тавсифҳои осмонӣ гирифтааст. Яъне, як чизи омехтаи андешаҳои адабиву иҷтимоиву сиёсӣ, як фалсафафурўшии содалавҳона, ки зимнаш китобе ё муаллифе бе асосу бе далел таърифу тавсиф мешавад. Дар чунин навиштаҳо ҳама чиз ҳаст, ҷуз таҳлилу баррасию баҳогузории воқеию заминӣ ва бо далелу бурҳони навиштаҳое бо номи шеър, ки хармуҳра ё дур будани онҳоро собит бикунад ва ба ин васила завқи шеърфаҳмии хонандаро такон бубахшад.
Муаллифи мақолае бе ягон таҳлилу муҳокима ба хулосаҳои булаҷабе расидааст: «Ҳайратовар чунин андеша ронда: Ин ҷаҳон озмуни одаму ноодам аст. Ва хуб гуфта:
Ин ҳаёт охир кушудам ақли пир,
Дар ҷаҳон одам фузун, одам кам аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё