Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Чиро «хуб гуфта» муаллифи ин сатрҳо? Суханеро, ки бузургон ҳазор сол пеш дархурди имрўзу ҳамеша гуфтаанд («Бо сад ҳазор кас ту танҳоӣ, бе сад ҳазор кас ту танҳоӣ», «Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, к-аз деву дад малуламу инсонам орзуст!»)? Ва оё ҳамин ифодаи муғлақи ҳақиқатҳои маълум «хубу ҳайратовар» аст?
Муаллифи мақола, чун «аз бом тароша» вазъи ҷаҳони арабро «таҳлил карда», мегўяд: «Шоири тоҷик беҳуда дар ҳарос нест ва беҳуда дар ғазале нагуфта:

Зи носеҳи намадботини (?) беустод метарсам,
Зи сарҳои маҳалбози (?) пур аз фарёд (?) метарсам».

Яқин аст, ки ин сатрҳои подарҳаво на ба дарди араб мехўраду на ба дарди адаб, лекин ноқид бо ҳамон услуби талқини бедалел моро ба «маъниҳои ниҳони шеър» бовар кунонданӣ мешавад: «Набояд пиндошт, ки пораи шеъри фавқ фарогири вазъи имрўзаи кишварҳои даргири аъроб аст. Не! Сатрҳои фавқ ва бисёр дигар чакидаҳои хомаи шоир фарогири муаммоҳои ҷаҳони бенизом, соҳибдори бесоҳиби худхоҳи имрўза, наҳангони фурўбари моҳичаҳои зарурат ба дампазӣ надоштаанд» (?!).
Ҳадафу вазифаи муаллифи мақола таъриф аст ва ў инро босубот идома медиҳад: «Шоир диди таърихфаҳмӣ ва сатрҳои хуби хундоре (?) дар ситоиши Оли Сомон дорад… Шоён гуфта:

Нақши имзои (?) китоби оштӣ
Тоҷиконро боз созад муттаҳид…
Он ки мегирад ба даст аз нав силоҳ,
Ростӣ, аз афъӣ ҳам афъитар аст».

Мунаққид ба риояи алифбои шеър – вазну қофияву таносубу ифодаи одии мафҳуму ҳусни сухан таваҷҷуҳе надорад, чун афсуншуда дар назди хеш шоҳкорҳои шеърро мебинад ва дар ин роҳ аз ягон таърифу тавсиф худдорӣ наме-

пешина
аз 323
навбатӣ