МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
кунад: «Мазмуни достон олисту сатрҳои шоир рўҳафрўз».
Ана, чанд «сатри рўҳафрўз» аз он «достони олӣ»:
Давлате, ки лафзи ашъори дарӣ,
Назми оламро шуда зеби сарӣ.
Рўдакию Бўалию Балъамӣ,
Сад карат ҳам бишмарӣ, бошад камӣ…
Ақли комил, ки ба авҷи худ расид,
Мулки тоҷик шуд ба зераш муттаҳид.
«Хулосаи шоир волост» – мефармояд мунаққид ва ҳукмашро бо чунин мисол ҷорӣ карданӣ мешавад:
Пандиёти (?) Оли Сомони ниё (?)
Мешавад бар дарди миллат мумиё».
Мунаққид вазнҳои хароб, ифодаҳои вайрон, бемантиқиву номутаносибиҳои саросариро надида, бо ҳамон бовари бебунёди беисбот ҳукм мекунад, ки дар эҷоди ғазалу рубоиву дубайтӣ дасти шоир тавоносту суханонаш босафо ва боз мисоле меорад:
Чун омадаӣ дар ин ҷаҳон, доро шав,
Доро ба мисоли Бўалӣ Сино шав.
Хоҳӣ, ки фаромўшат насозад дунё,
Дунёӣ маҷўю худ аввал дунё шав.
Ин сатрҳои подарҳаво ва тавсифҳои подарҳавотари онҳоро мехониву дилат ба Лоиқу рубоии машҳуру зебояш бо ҳамин қофияву радифу маъно месўзад:
Якчанд дар ин ҷаҳон зи худ пайдо шав,
Бар ҳусну ҷамоли зиндагӣ шайдо шав.
Сино нашавӣ, ҳиммати синоӣ кун,
Маҷнун нашавӣ, дилшудаи Лайло шав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё