МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Мунаққид ибораи «ҳилоли дос»-ро «маҳорати кашшофонаи» шоир «дар сохтани вожаҳову ибораҳои тозаи дилнишин» медонад ва сари эҳсос бузургвореро ҳам фаромўш мекунад, ки ҳаштсад сол пеш ин манзараи зеборо ҷовидонӣ карда буд:
Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.
Муаллифи мақола калимаву ибораҳои «марзи кунчу гандуму қуноқу ҷав, алоби пурсупос, ҷаззаи бирёни лаб, калели чормағз, намадботин, работи чашмзан»-ро суханони заррини мардумӣ меҳисобад ва ҳукм мекунад, ки муаллифи пораи манзум «дар сохтани вожаҳову ибораҳои тозаи дилнишин маҳорати кашшофонаи хоссаро дорост»! Бо ин ҳама иктифо накарда, барои ҳатман ба нодирагии мамдуҳаш муътақид намудани хонанда аз ду нафари миёни аҳли шеъру таҳқиқ муътабар иқтибосҳо меорад. Яке гуфта:
«Дар солҳои охир шоири самимигўй… ба шеъри хештан рўҳ ва нафаси тозае ворид кардааст» (яъне чӣ, мисолаш ку?) ва дигаре ин шоирро «ҳикматсаро ва ваҳдатсаро»
(таъбирҳои умумии номушаххас, ки сифати шеъру шоир шуда наметавонанд) номидааст. Бо ҳама эҳтиром ба нафарони мазкур ин ҳарфҳои умумии беисботашонро гуфтаи на ба худ, балки тақозои вазъияту одати носозгори имрўз дар муҳити адабӣ роиҷ меҳисобам ва устоди суханро ба ёрӣ мехонам, ки: «Мушк он аст, ки худ бибўяд».
Таассуроте ҳосил мешавад, ки муаллифи нақди дигар ҳама хондаву шунидаҳояшро дар бораи шеър дар як мақола қатор кардааст. Умумигўйӣ, муғлақбаёнӣ, номуносибии тавсифу мавсуф, ҳукмҳои беисбот нишонаҳои хоси ин «таърифи адабӣ»-ст. Аз ҷумла, мегўяд: «Дар ин шеър, ки як бозёфти шоирона аст, калимаю ибораҳо чунон хушоҳанг омадаанд, ки мисли мусиқие қалбҳоро менавозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё