Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Муаммоҳои зиндагӣ бо фалсафаи дунё ба ҳам печида тафаккури дарунмояи умқи шеърро мунаввару пуртаъсир намудааст». «Тафаккури дарунмояи умқи шеър» чист ва «муаммоҳои зиндагӣ» ва «фалсафаи дунё» чӣ хел онро «мунаввару пуртаъсир» карда метавонанд? «Фарогирии андеша, баёни калимаҳои печида ба фалсафа ва шинохти решаҳои нав дар силсилаи шеърҳо… авҷи тоза касб кардааст» – менависад мунаққид ва меафзояд: «Нигоҳи дигар дар шеърҳо… таҷаллию бозгўйии шеър бо маргу зиндагист», «…сабки баёни шоир хеле пеш рафтааст». Таҷаллию бозгўйии шеър бо маргу зиндагӣ чӣ маънӣ дорад? Сабк магар пеш меравад, сайқал ё такмил намеёбад? Ва, агар воқеан пеш рафта бошад, пешравиаш ку?
«…ў дар иншои шеърҳои ғайримаъмулӣ низ дастёб аст,
– «таҳқиқ»-ро идома медиҳад муаллиф, – Масалан, шеърҳои ў «Роҳи оҳан», «Фиғони чархи мошин», «Муҳаррик», «Санг», «Хиёнат» ва ғайра аз биниш ва мушоҳидаҳои борики ў огоҳӣ медиҳанд. Дар шеъри «Муҳаррик» мегўяд:

Гулула гарчи сахту пуртавон аст,
Валекин ихтиёраш нест дар даст.
Надорад азми рафтан ў ба боло,
Ба шебиҳо равад аммо ба сад шаст».

Мутаассифона, куҷои ин пора «ғайримаъмулӣ»-ст, «биниш ва мушоҳидаҳои борики» муаллифаш дар чӣ зоҳир шудааст, муаммо мондаанд. Аз назари одиву заминӣ ин пора як ҳодисаи содаи физикиро манзум бозгў кардааст, ки на «баёни фалсафа» дорад ва на «таҷаллию бозгўйии шеър». Чун дар ин байти оид ба офтоб, ки низ чун «бозёфти шоирона» муаррифӣ мешавад ва, агар аз сактаҳои аёни забону баёнаш бигзарем, як эҳсоси физикист, на лирикӣ:
Бас гарону пурмашаққат ҳар қудуму ҳар дамаш, Роҳхатро (?) гум насозад, ин ҳама даъвои кист?

пешина
аз 323
навбатӣ