Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Мусаллам аст, ки тамоми чизи дунё, ашёву ҳодисаҳои физикӣ ҳам, беш ё кам, ҳатман шеърият доранд. Ва диду дарк, мушоҳидаю хаёл ва ҳунару заҳмат лозим аст, ки шеърияти онҳо кашф бишавад. Масалан, байти маъруфе ҳаст, ки:

Чўбро об фурў менабарад, донӣ, чист ? –
Ҳайфаш ояд зи фурў бурдани парвардаи хеш!
(«Шармаш ояд зи фурў бурдани парвардаи хеш!»)

Шоири хирадманд, албатта, медонист, ки барои чӣ «чўбро об фурў менабарад»? Сода бигўем, барои он ки чўб аз об сабуктар аст. Вале агар ҳаминро мегуфт, баёнгари одии як ҳодисаи табиӣ мебуд, аз ин рў, хаёли зебоишикорашро парвоз дод ва ҳарфе гуфт, ки натанҳо мисраи одии аввалро ширину зебо тавзеҳ медиҳад, балки воқеан бисёр ғайримунтазираву фавқулода аст. Ҳамин хел сода аст шеър, ҳамин хел мураккаб аст шоирӣ.
Солҳои охир дарбонҳои дилсўзу муътабару бемуросои адабиёт, аз ҷумла шеър ё ба гўрҳо рафтанд ё ба дурҳо ва дару дарвозаҳои ин даргоҳ васеъ боз шуданд. Акнун аз ин дару дарвоза «шоирони» физику химику инженеру технику муллову духтуру собиқадору нафақахору бознишаставу дилшикаставу ғайраву ҳоказо бе пушт-пушту пурсу суроғ мегузаранд ва соҳиби имтиёз ҳам мешаванд, ки «забончӣ»
несту шеър мегўяд!», «адабиётчӣ» нест, лекин китоби шеър чоп кардааст!» ва ғайраву ҳоказо. Дил мехоҳад бо ифодаи дигаргунаи амри маъруфи Асирии Хуҷандӣ бигўяд, ки заминаи дарку эҳсоси шоирӣ азалист ва забони модариву адабиёти Ватан дар диплом не, бояд дар хун бошад. Аз ин рў, то замоне, ки танқиди мо бевоситаву бе шарту гузаштҳо бо шеър, бо ҳунар, бо масъулияти муаллифон кор нагирад, беҳбуди вазъро чашм доштан борон дар ғалбер ғундоштан аст.

пешина
аз 323
навбатӣ