Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Таассуроте ҳосил мешавад, ки баъзе мунаққидони мо аслан шеър намехонанд ва, аз ин рў, ҳамин ки баногоҳ шеъре хонданд ё бахусус агар аз худи шоир шуниданд, мафтуну шайдои он мешаванду гумон мекунанд, ки маҳаки шеъри асил ҳамин асту бас. Ҳамин тавр, ҳазёнпораҳо осонакак ба иёри сухани воло ниҳода мешаванд, хонандаи ноозмуд, ки ба сухани чопиву баҳои мумаййизони соҳибунвону соҳибном эътимоди комил дорад, ба он ҳарфҳо бовар мекунад ва меъёрҳои асолати шеър, рисолати шоир, завқи баланд ва дарки сухани воло аз байн мераванд.
Олими маъруфе, ки дар риштаи мустақими таҳқиқоти худ асарҳои пурарзиш дорад, вале аслан дар бораи шеър наменависад, баъд аз суҳбат бо ду шоири собиқадор чунин муҳокима меронад: «Ман ашъори ин ду шоири касбиро варақгардон мекардаму меандешидам, ки чӣ сиррест, ки онҳо бо ин қадар васфи ватану миллатро кардан қадр нашудаанд». Дар ҳақиқат, солҳои охир шоиру ношоир он қадар васфи Ватану миллат карданд, ки дар даҳонҳову девонҳо намегунҷад. Вале оё он ҳама шеър аст ё суханҳои обшуставу дилбазани маълум? Ман бар онам, ки аксаран суханҳои такрору нодаркору носазоворест дар бораи Ватану миллат, ки фақат саҳифаҳои ҳазёндевони деринаро бештар мекунаду бас. Кори шоир набояд васфи муҷарраду номушаххасу умумию беҳадафу бедардонаи Ватану миллат, балки дарёфти шеърияти ин мафҳумҳои муқаддас бошад. Ва агар ҳамаи онҳое, ки пайваставу якранг ё беранг «васфи ватану миллат» кардаанд, «қадр мешуданд», қадри сухан намемонд!
Хушбахтона, муаллиф оқибат сирри «қадр нашудан»-и ҳамнишинҳояшро мефаҳмад: «Ин сирро худи онҳо дар суҳбате бароям ошкор сохтанд. Хатои ҷиддии ҳар ду он буд, ки пойтахтро ба ноҳия иваз карданд. Агар онҳо то ин дам дар муҳити адабии пойтахт қарор мегирифтанд, ба истилоҳе ҳама чиз мешуданд». Албатта, нақши муҳит бузург аст, лекин, агар истеъдоду омўзишу маҳорат бошад, дар

пешина
аз 323
навбатӣ