Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

«ноҳия» ҳам «ҳама чиз шудан» (агар мақсад шоири хубу манзури алоқамандони шеър шудан бошад) мумкин аст.
Мисоли равшан – Фарзона. Муродӣ, Озар ва Озарахш ҳам инро исбот кардаанд.
Муаллиф менависад, ки ҳамсуҳбаташ «шоири баркамол аст, шоирест, ки дар ҳама навъҳои шеърӣ ҳарфҳои тоза гуфтааст», ҳатто «соҳиби «афкори адабӣ»-ст ва аз як шеъри ў дар бораи шеър чунин мисол меорад:

Бо ту гоҳе ман саёҳат мекунам,
Бо ту гоҳе истироҳат мекунам.

(Беихтиёр сатрҳои Бозор Собир ба ёд мерасанд, ки натанҳо бараъкси ин ифодаи бедардона, балки акси воқеии ҳаёти шоирианд:

Нахўрдам бофароғат нону обе,
Набудам тахтае аз тахти хобе,
Надидам истироҳат аз ту, эй шеър,
Набуд болишти ман ғайр аз китобе).

Баъдан мунаққид ҳукм мекунад: «Ҳамчунин эҷоди завҷааш… ҳам собит сохт (ба кӣ?), ки ин бону шоираи пухта ва касест, ки ба сифати эҷодкори воқеӣ бояд шинохта шавад», вале, мутаассифона, далеле намеорад.
Мунаққиди муҳтарам идома медиҳад, ки ҳамсуҳбаташ «шоири маънисоз аст. Суханбозӣ хоси ин шоир нест. Масалан, мегўяд: Муборак ҷашни истиқлоли ту, эй Тоҷикистонам, Ҳамеша меҳри поки ту бувад дар риштаи ҷонам…».
(Ақаллан «муҳраи меҳри поки ту» мегуфт, ба шоирӣ наздик мешуд).
Муътақид аст мунаққид, ки ишқияҳои ҳамсуҳбаташ «монанди ишқияҳои М.Турсунзода бисёр самимӣ мебошанд… шоир дар муносибат ба маъшуқ (ба) урёнбаёнӣ роҳ намедиҳад, балки бофарҳангона суҳбат менамояд: Боз

пешина
аз 323
навбатӣ