МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
имрўз ҳамдаму ҳамсуҳбати ҷонон шудам, Баҳра бурдам аз висолаш, ғунчаи хандон шудам». Агар харобии вазн ва баёни умумии обшустаро сарфи назар кунем, на урёнбаёнӣ, балки бофарҳангона будани ин ифода ва ғунчаи хандон шудани на маъшуқа, балки ошиқ аҷиб аст.
Мунаққиди муҳтарам муҳокимаҳояшро бо ҳамин услуби аҷиб идома медиҳад, ки ҳамсуҳбаташ баъд аз Фирдавсӣ дуюмин шоирест, ки «завҷаашро бисёр дўст медорад ва ҳар шеъри ишқие, ки менависад, дар маркази маънӣ ҳиссиёти шахсии худро мегузорад, ки ҳамсараш сабабгор шудааст… ба даври шамъи ҳусни маъшуқа то субҳ худро парвона месозад ва баъд худ ба худ мегўяд, ки… шеър хон, ки пазмон шудам… Гиряи шоир гиряи ҳамсарро ба вуҷуд меорад. То даме ки ҳамсараш дар ҳаёт аст, ў худро зинда тасаввур мекунад» ва боз ҳам бе ягон мисоли дилрас ҳукм пеш меорад, ки мавсуфаш «дар офаридани шеъри ишқӣ дастёб гардидааст… бо заҳматҳои эҷодиаш ба даҳҳо таҳқиқи адабиётшиносӣ сазовор аст», афсўс мехўрад, ки «Ҳайҳот, ки мо, адабиётшиносон, ба ин адиби воқеӣ мутаваҷҷеҳ нашудем ва дар мавриди ў ва осораш як сафҳа ҳам сиёҳ накардем. Аз ин рў месазад, ки илми адабиётшиносӣ дар пайи таҳқиқи филологии шахсият ва эҷодиёти ў қарор бигирад, то ки як саҳифаи тозаи адабиёти нави тоҷик нонавишта намонад»!
Боз як дарди густурдаи нақди имрўзи шеър ин аст, ки мунаққид ё мунаққидгунаи аз шеъри ҳақиқӣ, комёбиҳои шеъри дирўзу имрўзи худамону ҷаҳон ноогоҳ ва, аз ин рў, дар баҳо додани шеъри асил нобалад ба андак байту мисраъ мафтун мешавад ва онҳоро чун намунаи беҳтарин ба хонанда тавсия мекунад. Дар мақолае мехонем: «Дар маҷмўаҳои вай бештар аз 100 ғазал ворид шудаанд, ки воқеан самимияти хосса доранд ва дар онҳо байтҳои сараеро мисли ин пораи ғазал мебинем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё