МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Эй ҳурлиқо, моҳи шаби тор, куҷоӣ
Эй оинаи қалби дилафгор куҷоӣ
Эй пардаи ҳиҷрони ту оташ ба дилу ҷон
Эй дилбари бар саҷда сазовор, куҷоӣ».
Касе, ки ба шеър баҳо доданро пеша кардааст, надонад, ки бо ҳамин мазмуну вазну қофияву радиф дар адабиёти куҳану ҷадиди тоҷик ҳазорон ғазали якрангу беҳиссу бетаъсир мавҷуд аст, дигар чӣ ҷойи гап?
Боз як иқтибос аз ҳамин мақола: «Барои ман шеъри «Забони тоҷик» хеле хушоянд аст. Ин шеър ифтихори ҳар фарди тоҷикро аз модараш, ватанаш ифода мекунад…
Ифтихоре, ки устодони бузург Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, пайравони инҳо устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор доштанд…».
Инак, порае аз он ғазал, ки мунаққидро мафтун ва ифтихорашро аз модару ватан ифода кардааст:
Чун обу ҳаво муқаддас аст, он,
Бар ҷому сабў мусаллас аст, он.
Покиза бувад чу шири модар,
Бар аллаи ў мухаммас аст, он.
Мунаққид аз ғояти мафтунӣ хитоб мекунад: «Шеър ва маъно чунон равонанд, ки кас онро сурудан мехоҳад»!
Чунон ки ишора шуд, вазифаи ҷонӣ ва ҳадафи имонии нақди адабӣ нигаҳдошти меъёрҳои адабиёт, аз ҳам ҷудо кардани гулу хори он ва суханфаҳму маънирас тарбия намудани хонандаи худ аст. Дар ин роҳ натанҳо рисолаву мақола, балки шаклҳои дигари хурду бузург нақши сазовор дошта метавонанд.
Аз ҷумла, сарсуханнависӣ, ки солҳои охир аз замбурўғи баъди тандуру чароғак ҳам бештар шудааст. Он аслан як дуои роҳу фотиҳаи нек аст, ки бояд истеъдоди аёнеро далел дошта бошад. Мутаассифона, ин суннат ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё