Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

шикаста, аксари сарсуханҳо ба васфияҳои муҷарради бебунёде мубаддал шудаанд, ки бо мухотабашон иртиботе надоранд. Мисолҳо фаровонанд, лекин якеро барои чанд шеъри як навқалам басанда мешуморем: «Ашъори фалонӣ бо диду дорои (?) тозаву хосса шоирона ва бавижа мусиқии фарогир мумтоз мебошад.
Гоҳо мусиқӣ ва оҳанг дар шеъри ишон ба ҳадде аҳаммият пайдо мекунад, ки ҷойгузини қолабҳои маъмулии арўзӣ мегардад ва костаҳои (?) вазнро ҳамвор мекунад, ки ин иттифоқ дар шеъри арўзӣ хеле нодир аст» (дурусташ кост аст, ки каму зиёд мешавад, на ҳамвор).
Агар аз забону баёни осмониву подарҳаво, «назария»- и билкул бепояву раҳзани ин муаррифӣ ва шеърҳое, ки дар зераш чоп шудаанду ҳаргиз тақвияташ намедиҳанд, сарфи назар бикунем, дигар илоҷ нест – бояд ба ин шоир ҳайкал бимонанд!
Ин меъёрҳо ҳатто дар шодбошиву таъзияномаҳои Иттифоқи нависандагон низ дарҳаму барҳам шудаанд. Адибоне, ки то ҷашн ё маргашон (ёдашон бахайр!), мутаассифона, ному мақоме надоштанд ва нақду таҳқиқи воқеӣ аслан ёдашон намекард, якбора ба тавсифу сифатҳои ба ному корашон носозгор «мушарраф» мегарданд. Ин шаклҳои нигорандагӣ ба баррасии амиқ ниёз доранд, вагарна дар шасту ҳафтоду ҳаштод ба худи адиб муроҷиату нақл кардан, ки ту фалон сол, дар фалон ҷо таваллуд шудию фалону беҳмадон китобҳо навиштию ину он унвону мукофотҳо гирифтӣ, ҷиддиву шоиста нест.
Шакли кўчактарини китобиёт – муаррифиномаи китобу маҷаллаҳо низ қолаби мавзуну доираи мазмун иваз кардааст. Маъмулан он бояд аз чопи ин ё он асар хабар дода, хонандаи ҳавасмандро ба дарёфту мутолиааш раҳнамун бисозад. Акнун муаррифинома ба баҳои қатъие табдил ёфтааст, ки китоби ҳанўз ҷуз муаллифаш касе нахондаро бо тавсифҳои бешумор ба хонандаи ноогоҳ бор мекунад.

пешина
аз 323
навбатӣ