МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Таваҷҷуҳ кунед ба чанд намуна: «Аввалин китоби адиби рангинхаёл… бо сарсухани пурмуҳтавои Шоири халқии Тоҷикистон… ба чоп расид. Он ҳадяи хубест ба мухлисони шеър»; «Мавзўи шеърҳои маҷмўа ситоиши Тоҷикистон, Ватан, Наврўзу баҳор (буду шуд – ду мавзўъ!) буда, хонанда, аз онҳо як ҷаҳон ғизои маънавӣ хоҳад гирифт»; «Нахустмаҷмўаи ашъори шоираи ҷавон… бо тарзи баён ва ҷаззобӣ хонандаро ба олами эҳсос ва хаёлоти шўрангези шоира ҳидоят мекунанд».
Хуллас, аз ҳам рехтани девори ҳадду меъёрҳои завқу салиқа, аз ҷумла завқу салиқаи адабӣ низ, ки бо шикасти СССР шурўъ шуда буд, ҳамоно идома дорад. Имрўз дар доираи сиёсати фарҳангии давлат барои эҳёи он сатҳу савияи дарку эҳсос чораҳои зиёди мушаххас андешида мешаванд. Дастгирии Иттифоқи нависандагон, нашрияҳои он ва нашриётҳо аз он ҷумла аст. Лекин дар замоне, ки китоби бемағзе ҳам бо ҳамон сифат ба табъ мерасаду асари нағзе ҳам ва аксаран ба муқоваи пурҷилову мунаққаш баҳо медиҳанд, нақши маънавию мавқеи ватандории танқиди адабӣ даҳчанд мешавад. Шаҳду шаранги сухани манзум дар кўзаҳои яксон хушрангу муҷалло рўйи хони хонанда аст. Ва мумаййиз, нафаре, ки бебокона чошнӣ бигираду лаззату қимати ҳар якро бе рўю риё бигўяд, ҷуз мунаққид нест.
Ташаккур аз таваҷҷуҳатон. Нуктаҳое, ки зикр шуд, ба қавли мунаққиде, «кашшофии хосса» не, воқеияти талхест, ки ҳама шоҳиду мушоҳиду сабабгору гунаҳкораш ҳастем.
Бовар дорам, ки ҳамин андешаҳо дар сари бисёре аз аҳли адаб ҳаст, лекин хирадмандона хомўшанд ва сода ин банда буд, ки ҳамаро гуфт ва дўстони худро камтар кард.
Бо иҷозати ҳамқаламони арҷманд дар ҳошияи ин андешаҳо ҷиҳати беҳбуди вазъ чанд пешниҳоди мушаххас манзур мешавад:
– таъсиси воҳиди кории бахши танқиди адабӣ дар Иттифоқи нависандагон ва ҷалби мутахассиси босалоҳияту бомасъулият;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё