МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
– тақвияти шуъбаҳои танқиди нашрияҳои адабӣ, чораҳои мушаххас ҷиҳати беҳбуди сатҳу савияи маводи онҳо;
– робитаи пайвастаи Иттифоқи нависандагон бо мунаққидони боному боимон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо;
– ҷалби ҳатмию фаъолтари гурўҳи бузурге, ки чун мунаққид аъзои Иттифоқи нависандагон шудаанд, ба нақду баррасии адабиёти муосир;
– мусоидат ба таъсиси гурўҳи хурду дархурди танқиди адабӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва андешидани чораҳое, ки шогирдони он дипломдор не, огоҳу хушзавқ ва босалоҳияту бомасъулият тарбия биёбанд;
– диққати бештар ба бахши танқиди машваратҳои адибони ҷавон, ҳавасмандкунии бештари мунаққидони навқалам;
– такмили мунтазами китобхонаи Иттифоқи нависандагон, обунаи имконпазири он ба нашрияҳои номдори адабии ИДМ, ки бахшҳои қавии танқиди адабӣ доранд;
– ҷоизаи ҳарсола барои нақди беҳтарин;
– аз ҳама муҳим, Иттифоқи нависандагон ба рекламаҳои арзонбаҳо ва нақду баррасиҳои бебунёду бедалелу ғаразнок ва беҳунаронаву тамаъкорона, ки муҳити адабиро олуда, ҳақиқатро таҳриф, ҳадафи адабиётро ночиз ва манзалати адибро халалдор мекунанд, бояд бетараф набошад ва оид ба ҳар ҳолати мушаххас вокуниш нишон бидиҳад, аз даъвоҳои беасоси муташоиру мутамунаққидон парҳез накунаду наҳаросад, рўҳияеро ҷорӣ бикунад, ки узви Иттифоқи нависандагон будан, пеш аз ҳама, масъулият бошад, на фахру даъвоҳои арзони кўчабозорӣ.
2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё