Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

ТАҚВИМИ РАҲГУМ

Ним сол боз дар ин хусус навиштаниам. Ҳар саҳар, баробари ба паси мизи кор нишастан, онро мебинаму ба чунин нийят мерасам, лекин баъд, гирифтори корҳои рўзмарра шуда, фаромўшаш мекунам. Ҳамин хел, саҳари дигар аз нав бо он рў ба рў мешаваму беихтиёр меандешам, ки ин чизи аслан заруру бегуноҳ бо айби офарандагонаш ҳар рўз беихтиёр боиси хиҷолату нороҳатии боз чанд ҳазор чун банда ҳоҷатмандонаш мешуда бошад?
То ки хонанда беш аз ин дилгир нашавад, сарпўш аз ин сирпўш мебардорем ва мегўем: сухан аз хусуси тақвими рўйимизии соли равон аст (мураттиб Умар Алӣ, муҳаррир Мустафо Алихон), ки нашриёти «Шарқи озод» бо теъдоди
10 000 нусха мавриди истифода қарор додааст.
Чун анъана, дар оғози он Суруди миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон чоп шудааст. Аввал азм кардем, ки аз он бигзарем, чунки яке аз муқаддасоти кишвари соҳибистиқлоламон аст, ҳар рўз аз тариқи шабакаҳои гуногуни радиову телевизион ва маъракаҳои мухталиф даҳҳо бор садо медиҳад, аз рўйи қарзи ватандорӣ ҳамагон (аз ҷумла мураттибу муҳаррири тақвими мазкур, ки кормандони муассисаи давлатианд) бояд азёдаш бидонанд ва бо ифтихору бе ғалат бихонанд.
Вале, ба ҳар ҳол, як ба сарсуруди рўзгорамон чашм давондем ва ба чашмони хеш бовар накардем. Сатри равону вирди забони он – «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» чунин таҳриф шудааст: «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони азизи ман!».
Хуб, гуфтем, ғалати техникист, айби ҳарфи «з»-и вожаҳои «озод»-у «азиз» аст, ки чашмони мураттибу муҳарриру мусаҳҳеҳи тақвимро фирефтаву калимаи вирди забонҳоро ба ин шакл овардааст. Вале, чун дидем, ки дар ҳама нақаротҳо (се бор!) чунин такрор шуда, беихтиёр ба

пешина
аз 323
навбатӣ