МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
хулосае расидем, ки «аҳли эҷод»-и тақвим ин корро муътақидона кардаанд, яъне, ҳамеша, қатори дигарон, бо ифтихор рост истода, ба хониши дигарон эътибор надодаву харобии вазнро эҳсос накарда, ба ҷои «озод» «азиз» мехондаанд ва, хайрият, ки садои ноҷўри онҳоро овози издиҳом пахш мекардааст.
Боз ҳам дар бораи шеър. Дастандаркорони тақвим, чун «дўстдорони» воқеии каломи мавзун, ягон рўзи худро бе он тасаввур намекардаанд, ки байту рубоиву дубайтиву пораҳои болои ҳар варақ аз он шаҳодат медиҳанд. Аз рўйи ин пораҳо нафақат ишқи сўзони мураттиби тақвимро ба шеъру шоирӣ, балки хазинаи назми китобхонаи шахсиашро ҳам бе душворӣ муайян кардан мумкин аст, ки аз сездаҳ номгўй убур намекунад.
Хуб, албатта, гап дар шумораи китобҳо нест. Гап дар «муҳаббати бемислест», ки пораҳои фаровони ашъорро сарахбори авроқи тақвим қарор додааст. Масалан:
Касе к-ў хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардан хеш реш.
Чӣ? Дар сатри аввал аломати вергулро намондаанд?
Шумо ҳам аҷаб вергулу нуқтапараст будаед! Мураттиби тақвим оқил асту аз пайи нуқат намеравад ва соқиту ҳазфу ахзи аломатҳои беҳад фаровони китобатӣ, ҳамчунин таҳрифи навишти калимаву ибораҳои бешумор дар ин асари хом далели равшани ин аст. Мисол? Марҳамат:
Ҳар аҳд, ки ҳаст дар ҳаёт аст…
Хаёлам заррае одам набудам…
Май хўрдану гирди некувон гардидан,
Беҳ з-он, ки ба завқ зоҳидӣ варзидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё