МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Гарчӣ муҳтоҷем, чашми ағниё бар дасти мост,
Ҳар куҷо дидем об аз ҷў ба дарё меравад.
Ҷаҳон сар ба сар чун фасонасту бас…
Дар коргаҳи кўзагаре будам дўш,
Дидам ду ҳазор кўза гўёву хамўш
Ҳар як ба забони ҳол бо ман мегуфт.
Ку кўзагару кўзахару кўзафурўш.
То ба санг андарун бувад гавҳар,
Кас чӣ донад, ки қимматаш чанд аст.
Диловар, ки нандешад аз дилу (?) шер…
Сўфиён ҷумла ҳарифанду назарбоз вале,
З-ин миён Ҳофизи дилсўхта бадном афтод.
Кам гўю гўзида гўй чун дур…
Зи сидқи дўстӣ он каст, ки баҳраманд бувад…
То кай, эй сар дар ҳаво, дар осмон ҷўй худо,
Завқе аз болонишастан нест соҳибхонаро.
Он киро нест ба ҳушёри ақл,
З-ў ба мастӣ тамаи ақл мадор.
Ҳофиз, чу тарки ғамзаи туркои намекунӣ,
Донӣ, куҷост ҷойи ту Хоразм ё Хуҷанд?
Дил неҳ ба ризқи хоссаи хеш.
Хондани ризқи кас маяндеш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё