Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо гоҳ ба духтар нигоҳ мекарданд, гоҳ ба Рашиди маҷрӯҳ.
Фаришта фаҳмид, ки бояд аҷала кунад, ӯ захми Рашидро бо дорӯи зидди уфунат шусту малҳам молид ва бинтпеч кард, Рашид ҳоло ҳам беҳуш буд.
-Мардакара мон, ҳами аврата бо худ мебарем, нафари мора озод карданд, ира метем, накардан, ба оғо саиб тақдимуш мекунем, ӯ болои мо қарз дора.
-Хонуми қашанг, буру либосои гарми худа пӯш, роҳ тӯлонӣ аст, сардут меша.
Фаришта гӯш ба карӣ мезад, вақтро тул медод, то марзбонҳо бирасанд ва онҳоро аз чанги ин хунхорҳо наҷот диҳанд.
-Буланд шу! -афғони мусаллаҳ ин дафъа китфи духтарро бо пошнаи камон тела дод.
Илтимос мекунам, моро ба ҳоли худ гузоред, - ба зорӣ дароад духтар ва сари Рашидро сахт бағал кард, гӯё аз ӯ кӯмак мехост. - Мо ба касе намегӯем, ки шумо дар деҳа будед.
Сабри афғонҳо лабрез шуд.
-Буланд ша, модарсаг, агарне ин шуҳари кофирта сари як тир мекунум! Гуфт яке аз афғонҳо ва аз гесувони духатар гирифту ӯро ба самти дарвоза кашид.
Аз сарбозҳо хабаре набуд, шояд посбонеро, ки бояд сигналро мешунид, хобаш бурд?
-Зориву тавалло мекунам, маро набаред, охир шумо ба як зан чӣ кор доред? Шумо хоҳару модар надоред?
-Натарс, мо тура озор наметем, биродари мора озод кунан, тура ба сарбозо таслим мекунем.
-Ақалан шавҳарма хона дароред, дар ин сардӣ мемирад.
-Ҳиҷ балош намезана, буру, буру!
-Ақаллан монед болопӯшамро бигирам!
Сарбозе, ки аз мӯи духтар мекашид, суоломез ба саркардаи худ нигарист.

пешина
аз 473
навбатӣ