ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Даст касифатро бардор вагарна тир мекушоям!
Афғони дигар, ки авзои берунро таҳти назорат дошт, худро ба ҳавлӣ расонд ва миллаи калашниковро ба сӯи Рашид баланд кард.
-Силоҳта дар замин мон, падарсаг, агарна занакара файр мекунум! - гуфт ӯ ва ду қадам пеш гузошт. Рашид дар ҳоле, ки аз афғон чашм намеканд, камонро оҳиста ба замин гузошт.
Қочоқбар мисли бабр хез заду бо қундоқи автомат ба сари Рашид зад ва ӯро аз пой афтонд. Хун аз пешонаи Рашид фаввора зад.
-Ҳаромзодаҳо, ӯро куштед! - фарёд зад Фаришта ва худро аз дасти афғони сеюм раҳо карда ба назди Рашид давид ва сари ӯро ба бағал гирифт. Рӯймолашро аз сар кашиду пешонии хуншори ӯро баст.
-Шавҳарам духтур кор дорад, вагарна мемирад, гуфт ӯ.
Чашмонаш аз тарсу ҳарос бузург шуданд.
-Ҳиҷ балош намеша, мурд як саги кофир кам, - афғони автоматдор бо мӯзаҳояш ба пойи Рашид шатта зад то бубинад ки мурда аст ё зинда.
-Дар хона дору дорам, илтимос монед захмашро доруву дармон кунам, - ба зорӣ даромад духтар, ин писари одами калон аст, агар бо ӯ иттифоқе афтад, хонаводааш дунёро ба по мехезонад.
Афғони мусаллаҳ ба ду ҳамроҳаш норозиёна нигоҳ кард
-Чиро зуд хез мезанӣ? Кор бояд бехун тамом мешуд.
Ира читарӣ мебарем? Нимкушта кади!
-Буру биёр доруҳота, - гуфт ӯ ва Фаришта зуд ба хона баргашту аз қуттии дорӯҳо пахтаву бинту малҳами зидди уфунат бардошт. Афғонҳои мусаллаҳ ҳар чаҳор нафар дар ҳавлӣ буданд. Духтар тирезаи пуштиро боз карду бетардид ба ҳаво тир кушод. Тапончаро дар кисаи дохили камзулаш гузошту зуд ба айвон баромад. Афғонҳо дар талвоса афтоданд, нафаҳмиданд тир аз куҷо садо дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё