ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта бесадо аз назди панҷара дур шуд ва фикре, ки чун барқ дар зеҳаш рӯшан шуд, таппончаи сарбози марзбон буд.
Ӯ дар торики такягоҳи сандалиҳоро ламс кард ва камзулашро ёфту таппончаро бо эҳтиёт берун овард. Тарзи истифодаи ин силоҳро бо Рашид тамрин карда буд.
-Аз ту пурсидам да и хона касе нест? -
-Касе нест, ман худам танҳоям, маро бурданӣ бошед, пеш дароед, - Рашид мехост мусаллаҳон духтарро набинанд.
-Дара воз ку хо, бинум читу танҳоӣ, - пофишорӣ кард афғони мусаллаҳ
-Калид надорам, калидаш дасти мӯйсафеди падарам аст, Афғон мили камонашро ба сурохи калид гузошт ва хост дарро бо силоҳ боз кунад, аммо Рашид ӯро тела дод.
-Чаро дарро мешиканӣ, гуфтам, ку танҳоям!
Фаришта бо таппонча ба назди панҷарае тарафи кӯча рафт, аммо афғони дигарро дар назди дарвоза диду тир накушод. Дар айвон афғони мусаллаҳ бо Рашид даргир буд, амр мекард, ки дарро боз кунад. Фаришта дигар тоқат накарду дарро кушод.
Афғонҳо духтарро диданду аз хурсандӣ чашмонашони хунгирифтаашон барқ зад.
-Гуфтӣ танҳоюм, хо и занака киста? - гуфт афғон ва аз остини духтар кашид.
-Занам аст, шумо мусалмон ҳастед, ба зани бегона чӣ кор доред?
-Чӣ рақам занат аст, ки ай ту ҷудо хав мекуна? -гуфт ӯ бо тамасхур.
-Ба занам кордор нашав, ман болопӯшамро мегираму бо шумо меравам, -гуфт Рашид ва ба сӯи ҳуҷрааш қадам бардошт. Ҳуши мардҳои мусаллаҳ ба зебогии духтар банд шуд ва онҳо надиданд, ки чӣ тавр Рашид ба хона даромад. Ӯ аз ҳуҷра бо камон баргашт, афғонҳо духтарро гирд карда буданд ва ангор мехостанд ӯро зинда фурӯ баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё