ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Вақт надорем, ачала кун амоли сарбозо мерасанд!
Афғонҳо духтарро ба сандалии пеши мошини “Нива, ки каме дуртар аз хона манъ шуда буд, тела доданд ва ҳар чаҳор худро ба сандалиии ақиб партофтанд.
-Кадом тараф ҳай кунам, - пурсид ронанда, ки дар торики симояш наменамуд, аммо аз оҳанги гуфтораш тоҷик буд.
-Тарафи қамишзор ҳай ку, марза амёли бигзарем беҳтар меша.
Духтар аз сарнавишти талхи худ ҳарчиро интизор буд, аммо на қочоқбару асорату убури марзро. Он чӣ бо ӯ рух дод, мисли хобу хаёл буд. Намедонист ӯро куҷо мебаранд, сарнавишташ чӣ мешавад, ҳатто намдонист, ки зинда мемонад, ё ӯро мекушанду мурдашро дар ин кӯҳистони беодам шағолҳо мехуранд. Аз сарбозҳо ҳам умедашро канд, агар меомаданд, дар ин ним соат расида буданд.
Бо мошин роҳи тӯлониеро тай карданд, ин ҷода дар назари духтар ба андозаи си соли умраш дароз буд, солҳои умраш, аз замоне, ки худро ёд дорад, аз пеши назараш мегузаштанд, модараш, хоҳаронаш, кампири Сокина, саги сиёҳи хонадон ва падараш ки ӯро ба ин рӯз гирифтор кард ва Рашид, ки ӯро ба он деҳаи аз дунё бурида овард. Ногаҳон эҳсос кард, ки аз касе чизе намехоҳад, касеро нафрин намекунад, аз касе ёриеро интизор нест, ангор киштии умрашро бидуни бодбону киштибон ба баҳри бекарон сар дод ва барояш муҳим набуд, ки он ба пастобе мерасад, ё дар коми мавҷҳои бузург гум мешавад. Мошин, ки ин ҳама роҳро куркурона бечароғ тай мекард, дар пояи теппаҳои хурде истод.
-Чаро истод кадӣ?
-Ман шуморо то ҳамин ҷо ба гардан гирифта будам, он тараф барои ман бехатар нест, нурафканҳо мошинро мебинанд, то қамишзор ду қадам роҳ аст, худатон меравед,- гуфт ронанда ва мошинро ақибакӣ ҳай кард.
-Падарсагҳо, пайсара мегиран, кора то охир намерасонан!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё