ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ма рафтари и падарсага ба аға гап мезанум, и дуня бесаҳиб неста! Фаришта аз тараҳҳуми хотун ба риққат омададу бечораҳолона лабханд зад.
-Хотунҷон ин дунё он қадар бесоҳиб будаст, ки ман нагӯяму ту нашунав! Агар дунё соҳиб медошт, ман магар чунин хору залил мешудам? Гунҷишк набудам, ки гум шуданамро пайхас накунанд, аммо касеро парвои ман нест!
На ҳукуматамро, на хонаводаамро, на шавҳарамро. Гӯё ман аслан вуҷуд надоштам.
Хотун бо лаби остони куртаи васеъаш ашкҳои Фариштаро пок мекард ва бо забони модариаш ба Ҳашматоғо нафрин мефиристод. Фариштаро тасаллӣ медод ва ба дастони обилакардаи ӯ равғани ғоз мемолид. Дили Алтанхотун воқеъан ба ҳоли ин ғариба месӯхт.
Ҳашматулло кай рафту аз кадом роҳ рафт ва ба куҷо рафт, занҳо бехабар монданд.
-Ту бра хана каме дам бигӣ, ма бари келина яган чи мепазум, нигаран нашу.
Аз ин ҳодиса як ҳафта гузашта буд, ки рӯзе хола Наврӯз ба дидорбинии Фаришта омад ва дар байни хабарҳои дигари хонаи оғо гуфт, ки Ҳашматулло мариз аст ва имрӯзаш то рӯзи дигар намекашад.
Фаришта абрӯ дарҳам кашид ва ангор ҳарфи наҷосат дар миён бошад, дилаш беҳузур шуд.
Хола Наврӯз, ки ба гуфтаи занҳои ошхонаи Гулоғо мӯри нарро аз мода фарқ мекунад, санҷида ба Фаришта нигоҳ кард ва абрӯвони хамидаашро, ки замоне дар ду бари холҳои кабудаш бол мезаданд, ба манзури “чӣ хабар аст?” боло бардошт.
Фаришта чизе нагуфт, ва ба дастҳои доғдораш чашм дӯхт, ки обилаҳояш акнун хушк шуда, пӯст мепартофтанд.
Ҳодисаро Алтанхотун бо шеваи худ, ҳарфи “о”-ро ба “а” иваз карда нақл кард ва дили холаро, ки ними ҳарфҳои ӯро намефаҳмид, танг кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё