Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Алтанхотун дастҳои Фариштаро аз зери остини ӯ берун овард ва обилаҳои хушкшударо ба хола Наврӯз нишон дод.
-И дастара бин, Худо раҳм када ва илла Фариштаҷон дар деги роған кабаб мешид. У мурдака худа балаи Фариштаҷан партофт.

Хола Наврӯз китфҳои хамидаи Фариштаро бо тараҳҳум навозиш кард.
-Ту духтар дар кӯдаки пистони модарта гоз гирифтӣ, ки сарнавиштут и рақам шӯр шуда?
Гӯшаҳои лабони Фаришта дар зери бори гиряи гулӯгир хам заданд ва чонааш аз алам ларзид. Мехост ашкҳояшро фурӯ барад, аммо гулӯи танг қудрати нигаҳдории он сели бузургро надошт, ки саранҷом инони гиряро сар дод.
-Диқ наку бачем, ӯ пирсага Худо ҷазоша мета. Меган сакта када, оғо барош дуктур оварда, аммо фоида надора, мӯсафед саранҷом мемира, ина ма...
-Ту магар худоӣ, ки медонӣ кӣ кадом вақт мемира? Ин дунё соҳиб дорад, ту фузулӣ накун! Аҷуза мисли ровии родио бо садои чун махмал нарм ва бо шеваи сирф форсӣ ҳарф зад. Каломи хола Наврӯз дар даҳонаш нимкора монд ва ӯ бо ҳайрат ба атроф нигарист.
-Валлоҳ модар заҳракаф шудам, и чӣ рақам садо буд?
Одам буд ё родиё буд? -Хола Наврӯз гиребони куртаашро бардошту “туф-туф” кард. Чашмони Алтанхотун аз завқи ханда нопадид шуданд ва синаҳои мисли халтаи дуғ бузургаш, ки ҳангоми нишастанаш ба зонуҳояш мерасанд, аз хандаи ӯ ба ду тараф ғелиданд.
-Наврӯзҷан и аму мадаршӯи моай, ёдат аст, гуфт зизила меша, касе баваруш накад, баъд зилзила шуду замину замана хараб кад.
-И амёли аму модаршӯи девонаавзот буд? Ё тавба, ё тавба, и чанд солаша? Соле, ки шумо омаден, сад солеш буд!

пешина
аз 473
навбатӣ