ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Бале мадаршӯи ма буд, -гуфт Алтанхотун, ки хандааш ҳеҷ фурӯкаш намекард, - худуш мега саду бистсалаша.
Ин гуфтугӯ ба аҷуза нафорид, ки аз занҳо рӯй тофт.
Алтанхотун даҳони пурхандаашро бо кафи даст пӯшид ва бо абрӯвони қариб нонамоёнаш ишора кард, ки кампир нороҳат шудаст, дигар номашро нагиред.
-Фариштаҷон, меҳмонит иҷа тӯл кашид, баргард ба хона бачем, кулли кор дорем, дасти зано ба ҳама коро намераса.
Роша, амиёли брем.
Фариштаро аз ин пешниҳод пешонӣ ҷинҷ кард. Зиндагӣ бо Алтанхотун ва хушдомани девонаавзояш барояш беҳтар аз зиндагӣ дар хонаи оғо буд, ки намедонист аз куҷо зарба ба сараш меояд. Мехост хоҳиши холаро бо эҳтиёт рад кунад, аммо Алтанхотун ба ӯ фурсат надод.
-Хаҳиш мекнум и духтара биман амиҷа беста, ма маризоволум поҳам дард дора, келина кори бисяр даран. И ғазо мепеза, либос мешува, ба мара кумак мекна, и набаша ма чӣ мекунум? Иҷа амниятуш томинай.
Хола Наврӯз нигоҳашро аз Алтанхотун канду ба чашмони Фаришта нигарист, ки ҳарфҳои хотунро илтиҷоомез тасдиқ мекард.
-Бошад, ҳар чӣ дилат буход. Шоядам иҷа беҳтар боша, оғо ҳам гоҳ-гоҳ ба ин ҷо сар мезана, фурсат ёфти дарди дилта бареш бугӯ, хубӣ ай оғо байид аст, аммо кӣ медона, шояд раҳм куна ва тура ба ватанут баргардона. Фаришта ва Алтанхотун бо шодмоние, ки пинҳон карданаш душвор буд, ба якдигар нигоҳ карданд. Фаришта ба рӯи холдори хола Наврӯз бӯса заду ҷисми лоғараки ӯро бағал кард.
-Дилам барот танг шуда буд, хола, э кош ин ҷо мемондӣ!
-Духтари хиёнаткор ишқи мара ба Алтанхотун додӣ, бо лоф мезанӣ, ки “дилум барот танг шуда!” Хола адои Фариштаро даровард ва ҳарсе бо овози баланд хандиданд.
Равғани ғоз ба обилаҳои дастони Фаришта шифо бахшид ва он ҳодиса акнун ба андозаи пешин воҳимаангез наменамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё