ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Танҳо чизе, ки хотири Фариштаро мушавваш мекард, ин буд, ки мабодо нохудогоҳ сабаби марги мӯйсафед шавад.
-Дунё чархишҳои аҷибе дорад, нафаре, ки аз ӯ мутанафирӣ, рӯзе ягона гузинаи наҷот ход буд.
Фаришта садои мардонаеро, ки гоҳ-гоҳ аз гулӯи аҷуза берун мешуд, дар шаби хоб ҳам ташхис медод, ин садоро намешуд бо овози каси дигар иштибоҳ гирифт.. Ӯ бо даҳони аз ҳайрат боз ва чашмони аз тарс бузургшуда оҳиста ба рӯи дарзаи ҳезум, ки мӯйсафеди Алтанхотун дирӯз оварда буд, афтид.
-Алтанхотун куҷоед!? - нохудогоҳ фарёд зад ӯ.
-Явош, ғариба, дар ин хона ман шояд бештар аз дигарон ҳавои туро дорам. Аз ман натарс, битарс аз касе, ки ширинзабонӣ мекунад ва чун мор ба доманат ҷо мешавад. Он рӯз наздик аст, ки садаф марворид биёварад. Аҷуза хандае мармузе кард, ки агар суроби Алтанхотун дар дами дари ошхона бурӯз намекард, Фаришта яқин аз ҳуш мерафт.
-Чира фаряд мезанӣ? Чи шуда? - гуфт хотун, ки аз ҳаяҷон нафасаш то охир намерафт ва аз ними гулӯяш бо сулфа бармегашт.
Фаришта тавони сухан гуфтан надошт ва ангушти ишораро ба сӯи пиразан, ки аз ҷойи истодаи Алтанхотун наменамуд, баланд кард. Хотун як қадам ҷулӯтар гузошту модаршӯяшро дид. Ҳеҷ ҳайрон нашуд ва суоломез ба Фаришта нигоҳ кард.
-Чира ҷиғ задӣ? Мага и кампира нав мебинӣ? - гуфт ӯ норозиёна, ки гумон дошт ба сари Фаришта фалокати дигаре омадаст.
-Намедонистам роҳ мераванд, садош бегона буд, ...
ҳарфҳои мармуз мезад, ман тарсидам. Фаришта аз ин ки Алтанхотунро тарсонд, хиҷолат кашид.
-Бибахшед, ... дигар такрор намекунам, - гуфт ӯ бо сари хам, - намдонистам, ки модаршӯӣ шумо аз ҷояш баланд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё