Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Кампир карҳаера баладай, ки беҳтар аст, ту наданӣ, - гуфт хотун бо лабханди ифтихоромез ва Фариштаро бо модаршӯяш танҳо гузошт.
Аҷуза дар даст асои дуруште дошт, асо набуд, шохаи нотарошидаи дарахте буд, ки баргҳои паҷмурдаву сархамаш ҳанӯз сабз буданд. Ӯ ба асо такя намекард, гӯё онро барои зебаш гирифта буд. Бо қомати мисли най рост, гардани баланд ва хирнойи барҷаста, ки ҳар муҳраашро мешуд шумурд дар рӯ ба рӯи Фаришта қад кашид. Дарозии пероҳани гушодаш то ба зону ва чоки гиребошаш то нофаш мерасид ва қафаси синаи фурӯрафтаашро, ки дар он як коса об меғунҷид, намоиш медод. Дар тан шалвор надошт, пойҳояш шабеҳи пойи гунҷишк борику хушк буданд.
Фаришта боре ҳам надида буд, ки Алтанхотун аз сару рӯи модаршӯяш муроқибат кунад ва ҳамеша тааҷҷуб мекард, ки гесувони аҷузаро кӣ мебофаду бо риштаҳои рангоранд “чилбанд мекунад”.
-Наздиктар биё, натарс... Садои аҷуза мисли махмал нарм буд.
Фаришта як қадам пеш гузошту дастонашро дар пушташ пинҳон кард, то кампир изтироби ӯро набинад.
-Мехоҳӣ ба хонаат баргардӣ, ...медонам, бисёр мехоҳӣ, аммо ба ин содагӣ нест, қурбонӣ мехоҳад, Оё ҳозир астӣ қурбонӣ бидиҳӣ?
-Чӣ қурбоние? Ман ки ба ҷуз як ҷони нимбисмил чизи дигаре надорам, агар моли арзишманде медоштам барои расидан ба дидори азизонам қурбон мекардам.
-Пас розӣ ҳастӣ? Ин муомилот роҳи баргашт надора...
-Бале, агар бидонам, ки барои бозгашт ҳатто ними имконро дорам, ҳар чӣ дорам фидо мекардам,- гуфт Фаришта бо итминон.
Аҷуза бо нигоҳи олуда ба тараҳҳуму таассуф дуру дароз ба ӯ нигарист.

пешина
аз 473
навбатӣ