ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан-Як солу шаш моҳ... - гуфт ӯ андешамандона, - аз ҳамин лаҳза рӯзшуморӣ кун.
-Баъди як солу шаш моҳ бармегардам?- бо умед пурсид Фаришта, ки аз ҳаяҷон садояш меларзид. Кампир дигар чиз нагуфт, ҳамон тавре ки ноаён омад, ба ҳамон шева аз ошхона нопадид шуд.
Такшини гуфтугӯ бо аҷуза чанд рӯз Фариштаро саргарм кард. Ӯ гоҳо дар боли фоли аҷуза худро дар ватан медидиду дилаш аз ҳаяҷон меларзид. Гоҳи дигар ноумед мешуд ва ба худ мегуфт:
- Магар ба гапи ин кампири девонаавзо мешавад бовар кард?
Дар суҳбат бо Алтанхотун куҷков мешуд ва дар бораи тавоноиҳои кампир суол мекард. Алтанхотун худро ба нодонӣ мезад ва аз ин гуфтугӯҳо фирор мекард. Аммо рӯзе як ду ҷумлаи мармузро ба забон овард ва Фариштаро бештар гиҷ кард.
-Мабада бо кампир яган маомила накунӣ, ки баъд тавонша мегира, фомидӣ?
Фаришта аз ин таъкид дар ҳарос афтод, вале хомӯшона сар хам кард ва дар бораи муомилааш бо кампир ба Алтанхотун лаб накушод.
Аз байн чанд рӯз гузашт, пухтупазу шустушӯ ва корҳои дигари хонаи хотун, ки ҳеҷ тамомӣ надошт, таъсири гуфтугӯ бо аҷузаро тадриҷан камранг кард. Кампир гоҳ-гоҳ аз паси пилкҳои бодкардааш, ки дар рӯшноии офтоб шаффоф мешуданд, дурудароз ба Фаришта нигоҳ мекард ва сарашро бо таассуф такон медод.
Фаришта ҳам ин нигоҳҳоро ба унвони дилсӯзии аҷуза ба як ғариба мепазириуфт ва бечораҳолона гардан каҷ мекард.
Як саҳар вақте дар зери дарахти лаби об зарфҳоро мешӯст, садои ошноеро шунид. Ду мурғаки рангинбол аз шохе ба шохе менишастанд ва бо сад лаҳн нағмасароӣ мекарданд. Айни булбулҳои Рашид! Фаришта аз шодӣ нафасгир шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё