ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Деҳкадаи “пушти Кӯҳи Қоф” бо чеҳраи файласуфонаи Рашид, ҷангали анбӯҳ, шаддаи мурғакони ғазалхон ва хандаҳои беғаши Нигина пеши назараш омад ва бӯи фатири гарм ва қурутобу равғани зард ба димоғаш расид.
Гӯё биҳишти гумшударо пайдо кард, ки дилаш дар сина ба бозӣ даромад.
Косаву табақро як сӯ партофту дастони кафколӯдашро ба сӯи шохаҳо дароз кард
-Хушгилхонум, пешам биё, маро ёд дорӣ? Дар он хонаи лаби наҳр, бароят дона медодам ва ту барои ман тарона мехондӣ. Ёдат ҳаст? Он ҷо як марди хуб буд, ошиқ, дилшикаста, вале ба шумо муҳаббат дошт. Ту намедонӣ оё он мард зинда аст? Он ду мурғак гӯё сабри Фариштаро имтиҳон мекарданд, ки ҳар қадар кафи ӯ ба шохаҳо назик мешуд, онҳо ба навдаҳои балантар мепариданд.
Фаришта бо аҷала ба ошхона давиду осемасар чанд халтаро боз кард, дар яке гандум ёфт ва бо мушти пур ба зери дарахт баргашт.
-Хушгилхонум, биё, ман бароят дона овардам, донаҳоро бихӯру нағмасароӣ кун. Бароям ҳамон таронаҳоеро бихон, ки дар лаби наҳр мехондӣ. Ёдат ҳаст?
Паррандаҳо ба дона таваҷҷуҳ накарданд, онҳо аввал ба шохаҳои баландтар ва баъд ба дарахти шафатӣ нишаста, саранҷом аз назар нопадид шуданд. Дасти пур аз гандуми Фаришта дар байни шохаҳо ҳайрон монд ва донаҳои гандум аз шикофи остини гушод ба танаш рехтанд.
-Хонуми тоҷикӣ, забони мурғонро ҳам баладӣ?
Фаришта ҳанӯз дар банди дидори ногаҳонӣ бо он ду булбули ваҳшӣ буд ва тааҷуб кард, ки чаро аз садои мардона дар ин хонаи бемардина наҳаросид. Ӯ ба пушт нигоҳ карду аз ҳайрат гиҷ шуд ва бо аҷала “салом оғо” гуфт.
Гулоғо бо либоси саворӣ, мӯзаҳои чармини то зону баланд, мӯйҳои фирфирии чун қатрон сиёҳ ва чашмоне, ки оташи ҳилла дар онҳо бозӣ мекард, гӯё аз ҷилди як маҷаллаи барроқ берун омада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё