Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ту ба он мурғакон чӣ мегуфтӣ? - пурсид ӯ бо лабханди ишвагарона.
Фаришта абрӯ дарҳам кашид, хост ба ин марди фориғбол ҳарфи сахте бигӯяд, аммо хашмро фурӯ нишонду лабханди тамасхуромез дар лабонаш бурӯз кард.
-Як замоне, дар як деҳкадаи чун биҳишт сабзу хуррам, бо ҷуфти булбулони ошиқ ошно будам, онҳоро дастомӯз кардам, барояшон обу дон медодам ва он мурғакон низ сипосгузорона барои ман тарона мехонданд. Баъд зимистон омаду он ҷуфт маро падруд гуфт ва бо хайли хешони худ ба кишварҳои гарм рафт. Ман аз он замон дигар онҳоро надидам. Муддатҳо пеш буд, пеш аз оне, ки қочоқбарҳо маро рабуданд ва ба канизии шумо фурӯхтанд. Хаёлам, ки аз он замон сад сол гузаштаст...
Фаришта хомӯш шуд ва ба кафшҳои кӯҳнаи аз обу хокистару алов судашудааш чашм дӯхт, ки шояд пасмондаи Жилохонум буд ё аз Нағма.
Гул-оғо аз чеҳраи ғамгин, вале бисёр ҷаззоби Фаришта чашм намеканд, аз сар то пояшро назора мекард ва мутаваҷеҳ шуд, ки либосҳои занони маҳаллӣ дар тани ин ғариба эҳсоси бегонагӣ мекунанд.
-Хонуми тоҷикӣ, ман ба бадие, ки мардум дар бораам ҳарф мезананд, нестам. Агар туро ба ивази қарзе, ки рӯи Ғуломрасул доштам, пазируфтам, ба маъное нест, ки муҳтоҷи хизматгор будам.
Дилам ба ҳолат сӯхт, хостам аз дасти қочоқбарҳо наҷотат диҳам. Ман он тоифаро хуб мешиносам, бо онҳо азият мешудӣ... Ин ҷо ҳаддиақал амниятат томин аст.
-Ҳақ бар ҷониби шумост...
-Ту чӣ тур ба дасти қочоқбарҳо афтидӣ? Достонта ба ма бигӯ бишнавам.
-Достони ман шавқовар нест, шояд шуниданаш хотири шуморо мушавваш кунад.

пешина
аз 473
навбатӣ