ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Унша ман худам қазоват мекунам, бигӯ.
-Сарнавишти ман як достони талхи тӯлонӣ аст, шумо мехоҳед, онро рӯи по бишнавед?
Гулоғо лабханде зад ва мехост ба рӯи курпачаи лаби кат нишинад, аммо ба мӯзаҳои савориаш нигаристу аз фикраш гашт.
-Мехоҳӣ бо ҳам то саисхона чакар бизанем?
Фаришта аз паси раддаи мижгонҳои хамгашта суоломез ба оғо нигоҳ кард.
-Роҳ то саисхона дур нест, як ҳавое ҳам мехурӣ...
-Бояд барои келинҳои Алтанхотун ғизо омода кунам.
Оғо ба умеди дидани Алтанхотун ба чаҳорсӯи ҳавлӣ нигоҳ кард. Хотун наменамуд.
-Аз сарнавишт ҷойи гурез нест ё бо ин роҳ, ё бо роҳи дигар ба масире бармегардӣ, ки дар пешониат навиштаанд...
Садои аҷуза Фариштаро ҳайрон накард, аммо Гулоғо гиҷ шуд.
-Ин кӣ буд?- пурсид ӯ бо ҳайрат.
-Модарарӯси Алтанхотун аст, - гуфт Фаришта ва ба сӯи дарахти сада ишора кард. Абрувони оғо аз тааҷҷуб боло шуданд.
-Ин пиразан ҳоло ҳам зинда аст?
Фаришта бо аломати тасдиқ сарашро такон дод ва ба аҷуза нигарист, ки рӯяш ба тарафи боғча гӯё бо худ гуфтугӯ мекард.
Фаришта гандуми боқимондаро ба ҷӯбор ҳаво доду мутеъона ба думболи оғо рафт. Нафаҳмид, ки чӣ тавр осон ба пешниҳоди ин марди айёш розӣ шуд.
Чанд дақиқа хомӯшона роҳ рафтанд. Фаришта бо дастони аз пухтупазу шустушӯ шахшул, нохунҳои шикаста ва чеҳрае, ки ҳафтаҳо оинаро надида буд, дар паҳлуи ин марди олуфта, ки бӯи атраш аз як фарсах ба машом мерасид, эҳсоси нороҳатӣ мекард. Кафшҳояш аз фарсудагӣ ғиж-ғиж садо мебароварданд ва ӯ аз шарм то баногӯш сурх мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё