ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Онҳо ба саисхона наздик омаданд, аммо Фаришта ҳамоно хомӯш буд.
-Мегӯӣ достонта ё хайр? - пурсид оғо бо садои нарми хоҳишомез.
Фаришта ҳавои қиссагӯи надошт, аммо ҷумлаи аввалро оғоз карду дигар натавонист манъ шавад. Ангор, достони пурмоҷарои худро на ба Гулоғо мегуфт, балки ранҷҳои кашидаашро дубора барои худ зинда мекард.
-Чӣ бигӯям оғо, ман як инсонеам, ки замону маконро гум кардаам, намедонам имрӯз чандшанбе аст ва ҳоло кадом моҳ асту кадом сол. Бисёр ҳисҳоямро ҳам аз даст додам, хотираам танҳо ҳодисаҳои дарднокро ҳифз мекунад, вале тасвири чеҳраҳои бароям бисёр азизро бераҳмона мезудояд.
Ман акнун рӯзгори пешинамро ба сахтӣ пеши назар меорам, гӯё, хобу хаёле буд, ки гузашт. Он ҳам бидуни ин ки бидонам, чӣ муддати дигар дар ин ғамкада басар хоҳам кард.
Бадбахтиҳои ман муддатҳо пеш, қабл аз он ки қочоқбарон дар як шаби сарди зимистон маро бо як пероҳан ва пойи бекафш аз хонаам рабуданд, оғоз шуд. Дар хонаи падариям, ки мебоист амнтарин макон барои як духтар бошад...
Фаришта достони худро аз ибтидо то интиҳо ба Гулоғо таъриф кард. Чеҳраи оғо, ки шояд дар интизори шунидани як достони пурмоҷарои монанд ба филмҳои ҳоливудӣ буд, ҳар лаҳза тиратар мешуд. Нигоҳи чашмони ҳайратзадааш дар чеҳраи маъсуми Фаришта часбида буд ва забони чун булбули гӯёяш аз гуфтор монд. Фаришта рост ба чашмони оғо нигоҳ кард, умедвор набуд, ки сарнавишти талхаш ба рӯҳияи ин молики зиндагӣ таъсир гузорад ва ӯро ба кори хайре ташвиқ кунад. Аммо дилаш каме холӣ шуд, муддатҳо боз ба касе дарди дил накарда буд.
-Намехоҳӣ ба хонаи ман баргардӣ? Оғо аз галаи аспҳои болобаланди сафеду сиёҳу холдор, ки дар майдони чаҳор тарафаш баста гоҳ шӯхона ба думболи якдигар медавиданду шиҳа мекашиданд ва гоҳо дандон гиз мекарданду аз гардани якдигр гоз мегирифтанд, чашм намеканд, аммо маълум мешуд, ки достони Фаришта ӯро таҳти таъсир қарор додаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё