Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин дам аспе баланд шиҳа кашиду аз хайли ҳамтоҳояш ҷудо шуд ва гардани баландашро ба самти оғо чархонд. Асп ду қадам пеш гузошту манъ шуд, гӯё мехост мутмаин шавад, ки марди канори ҳисор соҳиби ӯст. Сипас ду пойи пешашро “чироғпоя” кард ва бо суръат ба самти ҳисор давид. Пӯсти сиёҳаш дар офтоб барқ мезад ва ёли чун гесӯвони занҳо дарозу мавҷдораш дар панҷаи бод печутоб мехӯрд. Рафтораш ошиқона буд. Ба лаби ҳисор расиду гардани баландашро ба китфи оғо гузошт ва бетоқатона пой бар замин кӯфт. Сару рӯи ӯро мебӯид ва гӯё сер намешуд, ки ба қабзаи мӯйҳои фирфирашро дандон мезад. Оғо механдиду рӯяшро аз лабҳои нами асп, ки даҳонаш аз шавқ кафк карда буд, канор мекашид, асп ҳам кам намеомад ва сару рӯи ӯро бӯсаборон мекард.
Оғо дар гӯши асп чизе мехонд, сару рӯяшро навозиш мекард, ёли дарозашро бо панҷаҳояш шона мезад. Ҳар бор мехост дасташро дур кунад, асп дасти ӯро оҳиста мегазид ва сар хам мекард, ки “идома бидеҳ”.
“Чиқадр марди хушқиёфа аст, гӯё наққоши азал чеҳраи ҷаззоби ӯро ошиқона офаридаст”, - ба худ гуфт Фаришта ва аз ин ки ҳаваси марди бегонаро мехӯрад, хиҷолат кашид. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ марде ба ин андоза харидорона нигоҳ нигоҳ накарда буд. Вуҷудашро ҳисси аҷибе фаро гирифт, гарм ва дилпазир.
Оғо даст ба ҷайб бурд ва асп ҳам бетоқатона пӯзаи худро ба ҷайби ӯ даровард.
-Явош Шабдиз, - гуфт ӯ ва ду дона қанди сафедро аз ҷайбаш берун овард. Асп қандро ашрофона ва бешитоб аз кафи соҳибаш бардошту каме дуртар рафт.
-Тамоми ин ишқварзӣ ба хотири ҳамин ду пора қанд буд?- шӯхӣ кард Фаришта, ки аз ҷуръати худ дар шигифт мешуд.

пешина
аз 473
навбатӣ