Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ин дунё, як дунёи бидеҳу бистон аст ва ишқ ҳам харидаву фурӯхта меша, магар интур нест? Фаришта қадре сукут кард, мехост чун ҳамеша “ҳақ бо шумост” бигӯяд, аммо нохудогоҳ ба баҳси ишқу ошиқии оғо ворид шуд.
-Эҳтимол шумо дар ишқ таҷрибаи бештар андӯхтаед, аммо ба назари ман ишқ як рағбати гузаштан аз худ, комилан ва беғаразона таслим шудан ба маъшуқ ва дар иваз чизе нахостан аст. Ишқи воқеъиро наметавон бо пулу мол харид, қиматаш хеле баланд аст, онро бояд сазовор шуд.
-Номи Худо, хеле “романтик” ҳастӣ, хонуми тоҷикӣ, он чӣ ту мегӯӣ, моли замони гузашта аст, ишқҳои имрӯза бо пулу мол чен меша.
Аспи оғо, ки эҳтимол муштоқи хору мол буд, ба“ҳирруфих” даромад ва сарашро ба китфи соҳибаш гузошту дар байни ӯ ва Фаришта фосила эҷод кард.
-Сайъ ку, рашк мекуна, падарсӯхта, - гуфт оғо ва гардани аспро бағал кард, - нигарон набош, и хонум ишқша ба мо намета, мега, қиматуш гаронай, мега пулу моли ту кофӣ нест.
Гунаҳои Фаришта аз ин ҳарфҳо оташ гирифтанд, ӯ нигоҳи чашмони чун ғизоли рамидаашро аз оғо гурезонд ва вонамуд кард, ки ҳарфҳои ӯро нашунидаст. Аммо эҳсосе дошт, ки ангор дар соқаи хушкидаи ҷисмаш пунбаҳо обила мекунанд, баргҳои сабз во мешаванд ва хамёзакашон ба сӯи қалби холияш мехазанд.
Оғо мисли харидори моли антиқа, ки баъди солҳо интизорӣ ниҳоят ба ашёи нодире даст ёфтааст, сар то пойи Фариштаро бо нигоҳ навозиш мекард.
-Касе то ҳол ба ту гуфта, ки бисёр мақбул астӣ?
Сари Фаришта аз ин каламоти ширин чарх зад, синааш аз ҳаяҷон пасту баланд мешуд ва мавҷи оташине аз нӯги по то решаҳои мӯяш мехазид.
Оғо мисли сайёде, ки қасди ҷони оҳуи ба дом афтода надорад ва танҳо аз тапиданҳояш лаззат мебарад, Фариштаро бозӣ медоронд ва нурҳои шайтоние дар чашмонаш барқ мезаданд.

пешина
аз 473
навбатӣ