ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Хеле ҷаззобӣ, неша шудам, мехом дар баҳри чашмои сиёҳат ғарқ бишам, иҷоза медӣ?
Фаришта ин лутфҳои ошиқона дар умраш аз марде нашунида буд ва кам монда буд ғаш кунад. Бо ақлаш дарк мекард, ки оғо барои ӯ мисли як меваи мамнуъ аст ва чашиданаш зарбаи ҳазор сангу сафолро ба думбол дорад, аммо дилаш мехост, оғо лаб фурӯ набандад ва ин лаҳза ба охир нарасад.
Мард он қадар ба Фаришта наздик шуд, ки нафасҳояшон ба ҳам печиданд.
-Девонам кардӣ, имшаб бе ту чӣ тур бихобам, - гуфт ӯ ва аз бари рӯи оташгирифтаи ӯ як бӯса ситонд. Фаришта як қадам ақиб рафт ва рост ба чашмони оғо нигоҳ кард.
-Чаро ин корро бо ман мекунед? Шумо ҳатто номи маро намедонед, чи бирасад ба алоқамандӣ.
-Номат Фаришта аст, ина хо медонум! Оғо чунон баланд хандид, ки аспи ором истода якбора рамид ва чанд қадам ақибнокӣ рафт.
-Аз и чашмои бегуноҳат хушам меояд, сайъ ку, Фариштаҷон, дорам ошиқат мешам! Фаришта лабонашро ба ҳам фишурд, то лабханд назанад ва ба оғо ҷасорати бештар надиҳад. Аммо ғунчаи лабонаш худ ба худ во шуда, табассуми зебое дар чеҳрааш гул кард.
-Ма и чашмора аму шабе, ки оварданут, писандидум.
Мисли оҳуи рамида будӣ. Алоқамандӣ дига чи рақам боша?
Бугӯ, тура аз мо хушат меоя?
-Ин ҳарфҳоро нагӯед, маро ошуфта мекунед.
-Хаёлат ман дорам чӣ кор мекунум? Мехом ошуфта шавӣ, шефта шавӣ, бигӯӣ, вой, ман бе ту наметонум! Оғо боз баланд хандид. Фаришта ин дафъа гиҷ шуд, аз зеҳнаш гузашт, ки ин мард ӯро масхара мекунад. Лаб аз ханда басту азми рафтан кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё