Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Чӣ шуд? Сари ма қор шудӣ? Мага чизи баде гуфтам?
Гуфтам аз ту хушам меояд, дурӯғ, ки нагуфтум!
-Эй шайтонак, турам аз ма хушат меоя, ӯ чашмот мега, оғо аз суратам як мочи дига биги! - Фаришта пушт ба оғо карду рӯяшро бо дастонаш пӯшонд, то оғо хоҳиши даҳҳо бӯсаро дар чашмони ӯ нахонад.
Аммо оғои бало корашро балад буд.
-Ага имшаб ин ҷо бимонум, пешам меоӣ?
-Имкон надорад...
-Чаро?
-Наметавонам, ихтиёрам бо худам нест.
Оғо чизе гуфтанӣ буд, аммо писари навраси подабонро, ки дастафшон ба тарафи онҳо меомад, диду ҳарфаш дар даҳонаш монд.
-Марде саисхона омада, ба шумо кор дора, оғосайиб, - гуфт писари подабон, ки тунд-тунд нафас мегирифт. Донаҳои арақ аз лобалои мӯйҳояш, ки дар офтоб сӯхта мисли пахол зард шудаанд, ба рӯяш мечакид. Фариштаро диду хиҷолат кашид ва сару рӯяшро бо остини куртаи бетугмааш пок кард.
-Боша, буру, ман амиёли мерасум.
-Бобом гуфт, шуморо бо худ биёрам, меҳмон нафари муҳим аста.
Оғо ба манзури суҳбат боқист ба Фаришта нигоҳи рамздоре карду ҳамроҳ бо писари подабон рафт.
Фаришта монду накҳати оғо ва каломи ширини ӯ, ки дар гӯшҳои “бокира”-и духтар садо медод ва дарунитарин хоҳишҳояшро урён мекард. Хумор дошт, пойҳояш сангин буданд, аз ҷой ҷумбидан намехост. Бо дили нохоҳам аз дари ҳисор дур шуд ва дар боли хаёлҳои ширин чӣ тавр то хонаи Алтанхотун расиданашро надонист.
-Куҷа будӣ Фариштаҷан? Чара рӯят қермиз шуда? - пурсид хотун бо нигаронӣ, ки аз сарнавишти ин ғариба ҳамеша хавотир буд.
-Чизе нашуда, хотун, биравам ғизо омода кунам, каме дер шуд имрӯз.

пешина
аз 473
навбатӣ